Бо ташаббуси ходимони Маркази ахбору захираи коллеҷи иқтисодиёти Марғелон ба мақсади таъмин кардани иҷрои қарори Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи барномаи маҷмӯи чораҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа» дар мавзӯи «Китобхони закӣ» озмуни китобхонон баргузор шуд.
Дар озмун китобхонони фаъоли коллеҷ ва як гурӯҳ иштирокдороне, ки дар «аксияи китобҳо»-и марказ фаъолият мебаранд, ширкат ҷустанд.
Шартҳои чорабинӣ, ки аз саволу ҷавобҳои шавқовар, мақолҳои халқӣ ва шарҳу эзоҳи ҳикматҳо иборат буд, баробари ба ташаккул ёфтани тарзи фикрронӣ ва тафаккури зеҳнии хонандагон саҳм гузоштан, ба ҷамъомадагон низ кайфияти хуб бахшид.
– Бо хушнудӣ гуфта метавонам, ки дар давоми чорабинӣ мо ба мақсадамон – ташаккул додани ҳисси китобдӯстӣ дар қалби ҷавонон, зиёд гардондани меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба китоб, расидем,– гуфт роҳбари Маркази ахбору захираи коллеҷ Дилдора Содиқова.
Дар ниҳояти озмун аз китобхонони фаъол Мурод Эшонхӯҷаев, Муслима Йӯлдошбоева, Зарнигор Зокирова, Асадулло Шашиев, Нурмуҳаммад Эргашев бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти коллеҷ тақдир шуданд.
Муҳаммадҷон МАҲМУДОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.