Боиси хурсандист, ки ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонон, ба дараҷаи мислаш диданашуда ҳавасманд гардондани китобхонони беҳтарин имрӯз дар мамлакати мо ранги одатро гирифтааст.
Сол то сол зиёд гардидани сафи китобхонон ба дилҳо сурур мебахшад. Озмуни «Китобхони ҷавон» бинобар синну сол дар се тоифа ба амал омад. Марҳилаи вилоятии озмун аз 31 декабр то 1 феврал дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Бухоро баргузор гардид. Дар он 67 нафар ғолибони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар се гурӯҳ бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони озмун муайян гардиданд.
Аз байни наврасони 10-14-сола ҷойи якум ба Мухлиса Насимова, дуюм ба Ҷасур Намозов ва ҷойи сеюм ба Илҳом Идиев насиб кард. Дар байни ҷавонони 15-19 сола ҷойи аввалро Шаҳригул Ҷумъаева, дуюм ва сеюмро Шарифҷон Фозилов ва Нигина Исмоилова гирифтанд. Байни иштироккунандагони 20-30-сола Шамшода Ҳамдамова, Моҳларойим Ярашева ва Гулшода Шоимова ҷойҳои ифтихориро ба даст дароварданд.
Аён аст, ки дар озмун ҷавонони шаҳри Бухоро бо тайёрии пухтатар иштирок карданд. Ғолибон ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом, сертификат ва туҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд.
Ғолибони озмун ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун баромаданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.