Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомад бахшида ба масъалаҳои ислоҳот ва инкишофи низоми таълими умумӣ, ки 17 июл баргузор гардид, масъалаи устувор будани баланд бардоштани сифати таълими миёнаро алоҳида таъкид карда гузашт.
Шакли асосии таълим, ки дар маркази эътибор қарор дорад, албатта, дарс аст. Дарси замонавӣ чӣ гуна бояд гузаронда шавад? Муаллимоне, ки дарс медиҳанд, аз ӯҳдаи вазифаи пурмасъулияте, ки ба зиммаи онҳост, пурра баромада метавонанд? Стандартҳои таълимии давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ ба талаби замон ҷавоб дода метавонанд?
Замон пеш меравад ва дар даврае, ки муттасил ба кашфиётҳои илмию техникӣ шинос мешавем, дар низоми таълим ба таври васеъ татбиқ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ як ҳолати табиист. Ташкил намудан ва марказонидани пойгоҳҳои маълумотҳо дар бораи донишандӯзон ва падару модарони онҳо, муаллимон ва маскани таълимӣ барои роҳандозии низоми идораи ҷараёни таълим аҳамияти муҳим касб менамояд. Тавассути усулҳои электронӣ сурат гирифтани хидматҳо дар соҳа, минҷумла, қабули хонандагон ба синфи якум, аз як дабистон ба дабистони дигар гузаронда шудани онҳо, сарфароз гардонда шудани толибилмон ва устодони онҳо бо мукофотҳо, ки ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд, робитаи мактаб бо маҳалла ва созмонҳои дигари ҷамоатӣ қулаиҳои ба худ хос доранд. Бисёр ҳаракатҳо, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ вобастаанд, тавассути истифода аз воситаҳои электронӣ сурат гирифта, ин имкон медиҳад муаллим барои ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо вақти зиёди худро бо коғазпуркуниҳо нагузаронад.
Бо шабакаҳои интернетӣ фаро гирифтани масканҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои асосӣ қарор гирифтааст. Нафақат донишандӯзони синни миёна ва болои мактабӣ, балки толибилмони синни хурди мактабӣ, ки дар синфхонаҳои замонавӣ ба таълим фаро гирифта шуда, баробари давр қадам мегузоранд, аз китобҳои дарсии электронӣ истифода бурда метавонанд. Телефонҳои мобилӣ ва планшетҳоро, аз ин маънӣ, «сандуқчаи замонавии дониш ва маълумотҳо» номидан мумкин.
Дар баробари ҳамин омода ва дастраси умум гардондани китобҳои дарсии нашрӣ аҳамияти калонро молик аст. Вазифа гузошта шудааст онҳо бо сифат ва савияи ба талаботи замон созгор таҳия ва саривақт ба алоқамандони соҳаи таълиму тарбия расонда дода шаванд.
Бале, муҳимтарин манбаъ ва сарчашмаи донишу биниш, қабл аз ҳама, китобҳои таълимист. Агар он воқеан бо савияи баланд офарида шуда бошад, нақши худро чун «фурӯғи субҳи доноӣ» ба иҷро расонда метавонад.
Вале, мутаассифона, на ҳамаи китобҳои дарсӣ ба талаботи замон мувофиқанд. Дар бораи мавҳумӣ ва норавшании ифодаи фикр ва хатои ҷиддиву иштибоҳҳои илмии як қатор китобҳои дарсӣ дар яке аз бахшҳои «афкори умум», ки ба наздикӣ телевизиони ҷумҳурӣ ташкил намуд, намояндагони соҳаи таълим ва падару модарон мулоҳизоти хеш баён намуданд. Хабарнигори ӮзА Норгул Абдураҳимова, ҳамзамон, бо амиқ омӯхтани вазъ дар ин самт, яъне сифати китобҳои дарсӣ ба чунин хулоса омад: «Солҳои охир на ба мазмуни китоби дарсӣ, балки ба муаллифи он эътироф бештар шуд. Мутаассифона, дар ин маврид мафҳуми: «Ин китоби дарсиро шиноси фалон шахс навиштааст» маҳаки асосӣ гардид. Вазъият ба дараҷае расид, ки нафақат мутахассисон, балки ҳатто мактабхонҳо аз китобҳои дарсӣ саҳву хатоҳо меёфтагӣ шуданд».
Китобҳои дарсие, ки барои дабистонҳои таълимашон ба тоҷикӣ аз нашр мебароянд, дар чӣ ҳолатанд?
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, китобҳои дарсие, ки ба талаботи замон як андоза ҷавобгӯянд, ба чашм мерасанд. Вале қисми зиёди адабиётҳо дар ин самт, мутаассифона, бинобар камсаводӣ, бемасъулиятӣ, ба муаллифӣ нолоиқии зумрае, ки бо шиносбозӣ ё сӯиистифода аз вазифа чунин ҳуқуқро соҳиб шудаанд, пур аз саҳву хато ва норасоиҳоянд, ки ин ба эътирози ҳаққонии муаллимон, падару модарон ва ҳатто хонандагони мактабӣ оварда расондааст...
Дар пеш – соли таҳсили нав. Ҳама умедвор, ки норасоиҳо бартараф шаванд, китобҳои дарсие таълиф ёбанд, ки барои муаллим ва шогирд чун манбаи дониш ва маълумотҳои таълимии воқеӣ, бо забони илмӣ, айни замон оммафаҳм, ки дастраси тоҷикзабонони ҷумҳурист, таълиф ёбанд.
Аз равишомӯзи мактабҳои тоҷикии Маркази таълими назди Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ Асадулло Шукуров, ки чанде қабл ба вазифа шурӯъ намуд, хоҳиш намудем дар бораи корҳое, ки дар арафаи соли таҳсили нав ба иҷро мерасанд ва нақшаҳое, ки бобати таълифи китобҳои дарсӣ пеш гузошта шудаанд, чанд сухан гӯяд.
– Дигаргуншавии пуршиддати замон тақозо менамояд ба сохтори таълим назари тоза ва масъулиятангез дӯхта, бо иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар зиммаамон мебошанд, ба беҳсозии сифати таълим, кӯмаки методӣ ба омӯзгорон ва хуб гардондани ҳолати инфрасохтори мактаб муяссар гардем. Барои навсозии барномаҳо ва низоми таълими умумӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ дар роҳи такмили барномаҳои таълимӣ дар назди кормандон вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Мо низ дар асоси такя ба кӯмаки амалӣ ва маслиҳатҳои беғаразонаи мутахассисони соҳа, муаллимони пешқадам ва равшанфикрон, ки ба корҳои таълимӣ-тарбиявӣ бетараф нестанд, дар навбати аввал, аз нав мураттаб сохтани барномаҳои таълимӣ барои синфҳои I-XI-уми мактабҳои миёнаи таълимашон тоҷикиро назди худ мақсад гузоштем. Дар бораи сифат ва савияи китобҳои дарсӣ эътирозҳо зиёд ва фикр мекунем, аксарияти томи он эътирозҳо асосноканд. Барои бартараф сохтани онҳо ҷиддан ҳаракат менамоем.
Барномаи таълимие, ки амал мекард, ҳанӯз соли 1998 таҳия ёфта ва он дар ин байн андак дигаргун шуда бошад ҳам, ба талаботи замон ҷавоб намедод. Замон тақозо кард он куллан такмил дода ё аз нав мураттаб сохта шавад. Ҳайати нави Шӯрои илмӣ-методӣ, ки дар он қариб аз ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагон мавҷуданд, ба вазифа шурӯъ ва нахустин ҷамъомадҳои худро самаранок доир намуд. Китобҳои дарсӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик барои синфҳои Х аз чоп баромаданд, барои синфҳои ёздаҳ дар арафаи чопанд. Китобҳои дарсии тарҷумавӣ барои синфҳои болоӣ моҳи август ба мактабҳо рафта мерасанд. Дар таълифи китобҳои дарсӣ баробари гурӯҳи экспертӣ омӯзгорони пешқадами ноҳияи Бӯка ва шаҳри Ангрен ба мо кӯмак карданд. Китобҳои дарсӣ барои синфҳои III ва VIII-IX бояд соли оянда аз чоп бароянд ва барои бо сифат ва савияи дилхоҳ рӯйи чоп дидани онҳо мо фикру андешаҳои омӯзгорони пешқадами ноҳияи Сариосиёро ба эътибор гирифтем. Бо фидоиёни соҳаи таълим, ки таҷрибаи бойи педагогӣ доранд, якҷоя амал кунем, боварӣ ҳаст, норасоиҳоро бартараф ва дар пешбурди корҳои таълим, минҷумла офаридани китобҳои дарсӣ дар асоси усулҳои замонавитарин ба комёбиҳо даст меёбем.
М. ШОДИЕВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».