КИТОБИ «ХОТИРАИ АБАДӢ»

Дар китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо эҷодкорони чопи ҳафтумин маҷмӯаи «Саҳифаҳои номаълуми таърих» ва авлодони қаҳрамонҳои китоби «Хотираи абадӣ» ҷамъомад барпо гардид.

Китоби мазкур аз ҷониби Музейи давлатии Хотираи назди Девони Вазирон ва Бунёди ҷамоатии «Хотираи шаҳидон» ба чоп расидааст. 
– Борҳост, ки мо дар ин бинои муҳташами адабиёт бо таърихшиносон, адабиётшиносон, олимон, талабагон вохӯриҳо барпо менамоем, – мегӯяд доктори илми таърих, профессор, директори  осорхона Б. Ҳасанов. – Дар маҷмуаи мазкур ҳикояҳо доир ба таърихи давраи низом дар Ӯзбекистон, мақолаҳои илмӣ, ҳуҷҷатӣ ва мавод доир ба муаммоҳои муҳим, гуфтаҳои олимон ва таърихшиносон, шахсоне, ки он воқеаҳои мудҳишро шоҳид шудаанд ва аз дигарон шунидаанд, оварда шудааст. 
Дар ҷамъомад доир ба ҷараёни нашри маҷмӯа сухан рафт. Таъкид гардид, ки барои дастрас намудани  баъзе фактҳову расмҳо солҳо ҷустуҷӯву кофтуков кардаанд.  
Дар китоб тадқиқотҳои илмие, ки дар доираи лоиҳаи воқеаҳои солҳои 1917-1938 дар Ӯзбекистон бурда шудаанд, инъикос ёфтаанд. 
– Насли наврасро дар рӯҳи ҳурмат ва хотираи аҷдод, муборизони озодӣ ва истиқлол тарбия намуда, месазад назди бузургони пешинаи худ сари таъзим фуруд орем, – гуфт муҳаррири нашриёти Китобхонаи миллӣ Ҷ. Ҷовлиев. 

Флораи ФАХРУДДИН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: