Шукри давру замон, ки дар кишвари азиз нашри китобҳо аз ҷиҳати сифату шумора зиёд шуда истодааст.
Охири соли 2023 дар ҳавзаи адабии Самарқанд муаллими фурӯтан Фозилҷон Шукуров бо номи «Забонҳои Шарқ (арабӣ)» китоби дарсӣ чоп кард. Ин ҳол яке аз бурдҳои Ф.Шукуров мебошад, ки барои омӯзиши забони арабӣ ҳамчун раҳнамо ба кор меояд. Яъне солҳои охир шавқмандони забони арабӣ китоберо, ки ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст, меҷустанд. Инак, китоби «Забонҳои Шарқ (арабӣ)» нашр шуд, ки мавриди эҳтиёҷ буд. Ин дастурамал хонданибоб буда, аз 244 саҳифа иборат аст. Дар китоб доир ба алифбои арабӣ ва хусусиятҳои он, ҳиссаҳои нутқ дар забони арабӣ, феъл ва навъҳои он, ҷумла ва қисмҳои он маълумотҳо дарҷ гардидааст. Ғайр аз ин, дар охири китоб глоссарий, саволнома, вожаномаи арабӣ-тоҷикӣ ҷой гирифтааст, ки ба омӯзанда имконияти осони азхудкуниро фароҳам меорад. Яке аз хусусиятҳои китоб дар он аст, ки мазмуни диниро тарғиб наменамояд. Хонандаи закӣ танҳо дар бораи забони арабӣ маълумоти обзорӣ, грамматика, диалог ва рақамҳо савод ҳосил мекунаду дониши забониашро такмил медиҳад.
Ба таври умум гӯем, китоб барои донишҷӯёни мактаби олӣ тавсия шудааст. Дар дастурамал нозукиҳои сабти ҳарф ва услуби забони арабӣ низ инъикос гардидааст. Зеро ин дастурамал барои омӯзандагони алифбои ниёгон ва дарки маълумот нисбати забони арабиро доро буда, ғизои маънавӣ эҳдо мекунад.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгор.
Вилояти ФАРҒОНА.