КИТОБИ ОЛИМ ПАС АЗ ВАФОТАШ ЧОП ШУД

Китоби нави адабиётшиноси машҳури тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев пас аз ду соли вафоти ӯ таҳти унвони «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри ХII» аз чоп баромад.

Ин рисолаи илмиро адабиётшинос хеле пештар навиштаву бинобар надоштани маблағи зарурӣ барои чоп дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Вай дар синни 86 (24 июни соли 2022) дар зодгоҳи худ – деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба хоби абад рафт. Ахиран, писари олим доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода масъули нашри ин асари арзишманд шуд ва нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии улуми Тоҷикистон чоп кард. Китоб барои муҳаққиқон ва донишҷӯён манбаи омӯзишии судманд хоҳад гашт. Ин асари илмӣ аз даҳ бахш иборат буда, ба ҷуз пешгуфтор,  маълумот дар бораи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давр ва ҳаёти адабӣ таҳлили ашъори шоирони машҳури он замон чун Абулаълои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Хоқонии Шарвониро фаро гирифтааст. Муаллиф дар бораи эҷодиёти шоирони шуҳратёри форсигӯйи ҳавзаи адабии Озарбойҷони асри ХII маълумоти арзишманд дода, эҷодиёти онҳоро хеле дақиқкорона ва муфассал  таҳлил кардааст. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: