КИТОБИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

Бо мақсади ҳарчи бештар шинос намудани ҷамъияти хориҷӣ бо анъана, маданият, санъати пухтупаз ва зарфияти зиёди сайёҳии Ӯзбекистон, Сафоратхонаи мамлакат дар Покистон дар муаррифисозии китоби «Дипломатияи пухтупаз – табодули ресепт» ба забони англисӣ ширкат намуд.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Serena Hotels Islamabad» баргузор гардид,  ки созмондиҳандааш ВКД Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. Дар он намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ дар Исломобод ва инчунин ҳукумати Покистон, доираҳои сиёсиву таҳлилӣ ва илмиву академӣ, инчунин соҳибкорон ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок доштанд.
Ҳамсари Президенти Покистон С.Алвӣ, ки ба сифати меҳмони ифтихорӣ иштирок намуд, сифати китоби мазкурро олӣ арзёбӣ намуд, ки дар он беҳтарин ресептҳои таомҳои миллии анъанавии мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ҷамъоварӣ шудааст.
Бо ташаббуси ҷониби Покистон ресептҳои таомҳои миллӣ аз ҷониби ҳамсарони сафироне, ки беш аз 50 давлати ҷаҳонро ташкил медиҳанд, омода гаштааст. Китоб бо мадади ҳомиёни покистонӣ бо мақсади ғайритиҷоратӣ ба сифати амали хайри маданиву инсонпарварӣ нашр гаштааст.
Дар китоб инчунин беҳтарин ресептҳои таоми ӯзбекӣ, мисли палави анъанавии тӯй, самбуса ва нони фатир пешкаш гаштааст.
Бинобар фикри доираҳои ҷамъиятиву мадании Покистон, китоби мазкур имкон медиҳад, ки ҷамъияти Покистон бо санъати пухтупаз ва ресептҳои нодири халқҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Ӯзбекистон, шинос гардад.

АИ «Дунё»,
ИСЛОМОБОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: