КИТОБИ ВАСФИ ДАРУ ДИЁР

  • КИТОБИ ВАСФИ ДАРУ ДИЁР
  • КИТОБИ ВАСФИ ДАРУ ДИЁР

Арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатӣ Рафиқ Нишонович Нишонов на ҳамеша ва на дар ҳар маврид аз гузаштаву зиндагиаш қисса мекунад.

Арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатӣ Рафиқ Нишонович Нишонов на ҳамеша ва на дар ҳар маврид аз гузаштаву зиндагиаш қисса мекунад. Аз ин боис журналистони Русия Марина Завада ва Юрий Куликов ин хотироти Рафиқ Нишоновро, ки аз овони кӯдакӣ то замони вазифаҳои дипломатӣ, роҳбари Ӯзбекистон, раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва давраи баъдии ҳаёти ин шахси маъруфро дарбар мегирад, аз забони худаш дар китоби «Дарахтон то фасли барф сабзанд» (Маскав, 2012) бозгӯйӣ кардаанд. Китоб соли гузашта дар «Академнашр»-и Тошканд ба ду забон чоп шуд ва ҳоло тараддуд ҳаст, ки дар тарҷумаи Аслиддин Қамарзода он ба забони тоҷикӣ низ нашр гардад. Дар зер чун муште аз хирвор порчаи мухтасаре дар арафаи 96-солагии мавсуф аз фасли якуми китоб пешкаши хонандагони шарифи «Овози тоҷик» мегардад, ки айёми бачагӣ ва навҷавонии ин давлатмарди нимаи дуюми асри гузаштаи ҷумҳуриро дар зодгоҳаш - шаҳраки Ғазалкент фаро мегирад.
«БУРҶИМУЛЛОИ ЗАРРИН – ДИЁРИ НОЗАНИН»
Гоҳ-гоҳ чунин монандиҳоро дар  хоб мебинам. Ману хоҳари калониам Анор, ҳанӯз хурдсолему ба модарамон ёрӣ мерасонем. Кӯшиш мекунем, ки сатили  пури обро нарезондаю начаконда  ба манзил расонем. Дарёи Чирчиқ тақрибан сесад метр дуртар аз хонаи мост. Баъд бист-сӣ қадам бо пайроҳаи морпеч ба поёнтар фаромада,  худро дар  соҳили мавҷи наҳри  шӯху озод, ки аз кӯҳ мавҷзанон  ҷорӣ  мешавад, мебинед. Гармо. Ҳаво гӯё аз тамузи тобистон пинҳон шуда,  аз байни дарахтони  зардолую бодому олуболу, ки  паси ҳам дар ин боғистон месабзанд,  бо нафосати худ нашъунамо меёбанд, насими худро армуғон мекунад. Дар қади роҳ мо истода-истода,  зарфҳои пуроби  худро ба замини тасфон андаке гузошта, ором мегирем. Гарчанд ман ташна нестам,  сарамро ба зарфи  пури об хам карда чанд қатра менӯшам - об фавқулодда ширин  ва сард аст, ки ҷонро роҳат мебахшад ва манаҳҳоро меларзонад ва ба кас ҳам ҳаловати аҷибе мебахшаду ҳам андаке ғусса.
Лекин таъми оби Чирчиқро ман дар ҳар лаҳза, бидуни ин хоби офтоби тамузи тобистон ҳис карда метавонам. Чӣ хел як эҳсосоти хоса онро дар хотири ман нигоҳ доштааст. Ман ба воя расида дар кадом кунҷу канори дунё – дар он ҷойҳое, ки об  қадру қимати  хоса дорад, набошам, оберо хуштару гуворотар аз оби овони бачагӣ надидаам ва наошомидаам. Ва ба он обҳое, ки имрӯз дар зарфҳои шишагин мефурӯшанд, чандон бовар надорам - ҷӯшонидан мехоҳам.
Аз бисёр деҳаҳои дигари атроф дар Ғазалкенти мо об ҳамеша фаровон буд. Аз ҷӯйчаҳои  қад-қади пайроҳаҳои каҷу килеби  байни девори кулбаҳои кӯҳистон оби зулоли чашмаҳои кӯҳӣ шилдирросзанон равон буданд. Аз ин об онҳое, ки аз дарёи Чирчиқ дуртар буданд, низ баҳраманд мешуданд. Зеро ин об тозаву мусаффо буд. Ҳар саҳару бегоҳ соҳибхонаҳо, албатта, кӯчаи назди дарвозаи худро об зада мерӯфтанд. Гарчи лӯлаи оби ошомиданиву  партовҳои обӣ (канализация, водопровод) набуд, нафосат ва тозагӣ ҳукми қонунро дошт...
Ман дар яке аз гӯшаҳои зеботарини Ӯзбекистон тавлид шудаам. Деҳаи Ғазалкент дар доманаи қаторкӯҳҳои Тиёншон, дар силсилакӯҳҳои Чотқол дар соҳили рости шохоби шӯху шиддатноки  Сирдарё ҷойгир аст. Ҳоло ин шаҳраки хуб, ки сӣ ҳазор аҳолӣ дорад ва маркази ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд аст... 
Сергей ва Татяна Никитинҳо дар оҳанги халқӣ суруди машҳуре доранд бо номи: «Бурҷимуллои заррин – диёри нозанин ...» Он,  айнан,  дар бораи ҷойҳои дилнишини ман: «он ҷойҳое, ки чанорҳо то ба қуллаҳо сар кашидаанд», «он ҷойе, ки  кӯҳҳои Чимён медурахшанд». Дар ҳақиқат, зебоӣ то дараҷаест, ки ҷон дар он роҳат мекунад. Ҳоло ноҳияи Бӯстонлиқи ман макони истироҳатӣ гаштааст. Оқтош, Чимён, Хумсон, ҳамон Бурҷимулло, ки  на чандон дуртар аз он  обанбори бузурги Чорбоғ ҷойгир аст. Дар ин ҷой меҳмонхонаҳо, муассисаҳои сайёҳӣ, коттеҷҳо сохта шудаанд...
Ҳангоми  тавлид шудани ман  ин ноҳия тобеи Қазоқистон буд ва то соли 1929 уезди Тошқазоқи вилояти Сирдарёи кишвари Туркистон номида мешуд.
Бинобар гуногунмиллатии аҳолии ин ҷо (зеро тақрибан панҷоҳу панҷ-шаст фоизи аҳолиро ӯзбеку тоҷикон, тақрибан  бист фоизро қазоқҳо ташкил мекарданд), ё худ барои ба манзилҳои худ расидани қазоқҳо аз Тошканд убур кардан лозим меомад ва ё аз Марказ ишорае шуда буд, ки  соли 1959 роҳбарияти Ӯзбекистон ба сарварони ҳизби Қазоқистон бо чунин мазмун муроҷиат карданд: тошкандиёнро ҷойе нест, ки  дар тобистон истироҳат намоянд... 
Волидони ман ҳанӯз пеш аз инқилоб маскуни ин ҷой шудаанд. Бобоям бо панҷ нафар писаронаш дар ҷустҷӯйи кор аз зодгоҳи худ  шаҳраки Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи имрӯза баромада  рафта, маскуни Ғазалкент шуданро  қарор додааст. Ӯ ва тамоми оилааш хидматгори давлатманди  маҳаллӣ – Раҳимбой  будаанд. Бой   чанд сар гову гӯсфанд  дошт ва ғаллаю сабзавот кишт мекард.  Ӯ хидматгорони бисёре дошт. Лекин, то ҷое, ки ман медонам, Раҳимбой золим набуд. Аниқтараш, ӯро бойи одил ҳисобидан мумкин буд,  зеро ӯ хидматгорони бовиҷдонро  қадр мекард. Ман инро натанҳо аз нақли бобою падарам медонам. Ин бой ба ҳар яки панҷ нафар  бародарон бо навбат қитъаи замин ҷудо карда, бо роҳи ҳашар барои  онҳо хона сохта додааст. Аз ҳама охир  чунин  иморат барои  додари хурдӣ - падари ман сохта шудааст. Ин бойи маҳаллиро  бобои дигари ман аз ҷониби  модарам, ки дар ҳамин мавзеъ тавлид  шуда, дар ҳамин ҷой  ба воя расида буд, низ хуб тавсиф мекард. Бародарони ӯ низ, ки хидматгори ин бой будаанд, соҳиби хонаву ҷой шудаанд. Бо вуҷуди  ҳамаи ин некиҳо, ӯро аз  қулоқшавӣ нигоҳ дошта натавонистаанд. Қисмати минбаъдаи  ӯ чӣ шуд, ӯро ба куҷо бадарға кардаанд, ба ману хешовандонам номаълум...
Дар худи ҳамин  манзиле, ки соли 1917 барои падарам сохта будаанд, соли 1926 ман ба дунё омадаам.  Масолеҳи асосии сохтмони мардуми маҳаллӣ  аз қадим кулӯхи коҳӣ буд. Сохти бино ба тарзи ҳайратовар мустаҳкам буда, бинобар ин  хонаи мо то соли 1950 бар ҷо монда  буд. Ҳамон сол онро вайрон карда, ба ҷояш иморати нави ба шароити имрӯза мувофиқ  сохтанд, ки ҳоло дар ин манзил набераи хоҳари ман истиқомат мекунад. Бар замми мустаҳкамии афсонавиаш, ин хел  биноҳои хоси бисёр мардуми маҳаллӣ  бо ҷиҳатҳои хоси худ ҳайратовар буданд – дар тобистон салқин, дар зимистон гарм. Хонаи моро дуқабата сохта буданд. Аз рӯйи қоидаҳои исломӣ ба тарафи кӯча тиреза намемонданд. Ҳама тирезаҳо  ба тарафи  ҳавлӣ  кушода мешуданд. Аз қабати дуюм  ба айвон  мебаромаданд. Ин ҳамин хел майдони кушод буда, ҳамонанди балконҳои васеъ аст. Онро ҳеч гоҳ оинабанд намекарданд. Бинобар ин ҳам дар  гармо ҳавои хонаи хоб нафасгардон намешавад. Дар айвон низ ҳаёти хоса ҳукмфармо буд. Дар он ҷо нишаста, бо фароғат чой нӯшида, суҳбат мекарданд.    
Дар фасли зимистон хунукиҳои сахт рӯй медоданд.  Ҳарорати ҳаво то даҳ-понздаҳ дараҷа паст мешуд. Аз гармии сандалӣ истифода мебурданд, ки он чунин аст:  дар фарши хона  чуқурчае кофта, болои он  курсии чаҳоргӯша мегузоранд. Болои онро бо кӯрпаи пахтагин  пӯшида, рӯйи  он лаълии вазнини мисин мемонанд. Ба атрофи сандалӣ кӯрпачаҳои пахтагин паҳн карда, дар рӯйи он нишаста, зери кӯрпа, ки онро оташи ҳезум, ангишт ва ё саксавул гарм медорад, пойро дароз карда мешинанд.  Дар ҳамон ҷой хоб ҳам  мекардем. Он вақт катҳои хобӣ набуд. Барои мо,  ки аз ҷойхобҳои бофароғат бехабар будем,  ана ҳамин шароит табъи дил буд. Хунук намехӯрдам.  Натанҳо катҳои хобӣ, ҳатто мизу курсӣ низ мавҷуд набуд. Ба  ман аз мактаб омада, дар атрофи  сандалӣ дароз кашида, болои  он дарс тайёр кардан маъқул буд. Ман дар мактаб  бо кӯшишу ғайрат  мехондам. Баъди синфи чорумро хатм кардан барои  давомоти хубам ба ман  ба тариқи мукофот се метр лас доданд, ки он барои эҳтиёҷоти оила сарф шуд.  Аз порчаҳои боқимондааш модарам барои ман  ҷилд дӯхт, ки ба он китобу дафтарҳоямро  андохта, чун сумкаи  мактабӣ якчанд сол истифода бурдам.
Падару модари ман  одамони оддӣ ва бесавод,  лекин барои таълим ва тарбияи  бачаҳо, барои илм омӯхтани мо  ниҳоят сахтгир буданд. Худи онҳо дар солҳои сиюм , вақте ки дар деҳа курсҳои маҳви бесаводӣ кушода шуданд, аз аввалинҳо худро нависонданд. Гарчи ба дарс гоҳ-гоҳ мерафтанд, ба забони модарӣ навиштан ва хонданро камтар омӯхтанд. Падарам – Нишон табиатан одами бақувват буд. Дар бисёр мусобиқаҳои маҳаллӣ – гӯштингирӣ ва чапандозӣ ғолиб мешуд. Бинобар ин ӯро дар деҳа Нишон-полвон ном мебурданд. Ва модарам ҳам  ба ӯ ҳамчун дигар занон «падараш» нагуфта,  бо меҳрубонии хос «Полвон» гуфта муроҷиат мекард.
Аз ибтидои коллективонидани хоҷагии қишлоқ волидон ва бародаронам бо аҳли оила ба хоҷагии ҷамоавии «Чирчиқ» аъзо шуданд. Дар ноҳияи кӯҳистони  мо  коллективонӣ на он қадар маҷбурӣ гузаронида шуд. Деҳқонон ихтиёрӣ, бе ҳеҷ гуна тазъиқ – яке асп, дигаре барзагов, ё гови ҷӯшоӣ,  сеюмӣ ҷуфту омочи чӯбини худро доданд. Муддати на чандон тӯлонӣ  қабати якуми хонаи мо ба сифати саисхонаи  хоҷагӣ истифода шуд. Дар он аспҳои  хоҷагии ҷамоавиро нигоҳ медоштанд... 
Қаҳтиеро,  ки дар Русия рӯй дода буд,  шукр, ки мардуми  ҷойҳои мо  аз сар нагузаронид. Шояд ин ба туфайли  дар ҷойи сероб зиндагӣ кардани мо буд. Дар деҳа тақрибан  сесад  хонавода зиндагӣ мекард ва ба ҳар яки он аз ҷойҳои ба об наздики манзили худашон  бист сотихӣ замини корам ҷудо карда дода буданд.  Замини мо тақрибан ягон километр аз манзили зистамон ҷойгир буд. Тобистон ба он ҷой кӯч баста мерафтем ва дар коза зиндагӣ мекардем. Дар замини худ картошка, ҷуворимакка, гандум кишт мекардем... Ва албатта ба  як  қатор харбуза, ба дигараш  тарбуз, ба сеюмаш  сабзавот, нахӯд, шибиту ҷаъфарӣ ва  кабудиҳои дигар...
Падарам, ки  соҳиби эътибори   модарзоди фитрӣ буда,   хирадмандии хоса дошт, тамоми мардуми деҳа ӯро ҳурмат мекард.  Агар ҳодисае рӯй диҳад,  барои маслиҳат ва ё ҳалли масъала ба назди Нишон-полвон, инсони  поктинату поквиҷдон  мешитофтанд. Дар ҳама тӯю маъракаҳои калон пухтани палавро ба ӯ мефармуданд. Ӯ барои дусад, сесад ва ҳатто панҷсад кас  ош дам мекард. Дар Ӯзбекистон ин яке аз нишонаҳои ҳурмату эътибор аст. Лекин ман, ки аз субҳ то шом  аз паси кори гуногун аз хона баромада мерафтам, чунин  ош пухтанро омӯхта натавонистам. Аммо писарам Собир  палавпази моҳир ва кабобу мантуро ҳам хуб мепазад.
Модарам – Гулсара Усмонова меҳрубони падарам. Зани меҳнатдӯст, ботамкин, дурандеш, мулоҳизакор буд. Дугонаҳо – натанҳо дугонаҳо,  аксар занони деҳа мароқангезона ба назди ӯ барои маслиҳат ва ҳимоят меомаданд. Агар ягон ҳодиса рух диҳад, занҳо  ба вай муроҷиат мекарданд ва  кӯшиш мекарданд, ки ба гуфтаҳои ӯ амал намоянд.
Вақтҳое ки ман  дар деҳа будам, бисёрзанӣ вуҷуд надошт. Ва  касе фаранҷию чашмбанд ҳам ба сар намегирифт. Албатта, дар маъракаҳои калон мувофиқи  расму оини шарқона занҳо алоҳида менишастанд... 
Падару модар  моро бошуурона ва бо услуби хос тарбия мекарданд. Бе ҳеч дашном, ҷазои ҷисмонӣ (боре ба  ягон нафар ҳатто ангушт нарасонидаанд). Лекин ҳурмати калонсолон, меҳнатдӯстӣ, фориғӣ аз танбалию коргурезӣ  ба ҳамаи мо аз хурдсолӣ одат шудааст. Онҳо  бачаҳоро,  пеш аз ҳама,  дар мисоли шахсияти худ тарбия мекарданд.  Гарчанд падарам ва  модарам арабиро хонда наметавонистанд, дар хонаводаи мо  тартиби динӣ низ мақоми хос дошт. Китоби  муқаддаси Қуръонро дар  ҷойи намоёни хона гузошта  буданд. Мо бошем,  дар ин бобат  тамоман тасаввурот надоштем. Ба масҷид намерафтем. Пионеру комсомол будем... Дар деҳаи мо масҷид набуд. Дар назди қабристони деҳа як хонаи калонтар буд, ки  дар он чиҳил-панҷоҳ кас ҷамъ шуда намоз мехонданд... 
Ҷашни рӯзи таваллудро касе намедонист. То ба мактаб рафтани ман модарам кадом бачааш чандсола буданашро дар асоси мучал муайян мекард. Модарам нишаста  мешуморид: «Ними мучал гузашт», «мучали пурра гузашт...» Маълум аст, ки ҳамааш тахминӣ. Шаҳодатномаи таваллуд то он вақт вуҷуд надошт. Инак, ба туфайли  сохтмони ГЭС-и  бузург дар маркази ноҳия беморхона, ЗАГС,  идораҳои гуногуни маъмурӣ пайдо шуданд. Ҷорӣ шудани маданияти маъмурӣ бо расмӣ намудан ва ба шаҳрвандон  додани ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла  шаҳодатномаи таваллуд вобаста шуд.
Дар яке аз рӯзҳои равшан модарам мо – як даста  бачаҳоро ҳамроҳи худ  ба бемористони ноҳия бурд. Духтур бо мо саволу ҷавоб кард, даҳонамонро кушода дид ва ба дандонамон нигоҳ кард.  Баъд модарамро гӯш карду билохира рӯзу моҳу соли таваллудамонро муайян карда навишт. Бо соли таваллудамон муаммо пайдо нашуд. Зеро модарам аниқ дар хотир дошт: кӣ дар кадом мучал тавлид шудааст.  Хоҳарам дар соли паланг, дар бораи ман бошад, ба тезӣ ҷавоб дод: «Ин дар соли харгӯш ба дунё омада буд», яъне соли 1926. Моҳу солро бошад, муайян кардан душвортар шуд. Лекин инро ҳам муайян карда тавонистанд: «Ману падараш дар вақти барф соҳиби ин писар шуда будем». Барф кай мешавад? Дар моҳи январ. Чаро  рӯзи понздаҳум? «Мобайни зимистон буд».  Ҳамин тавр, агар бо забони  профессор Преображенский аз  китоби Булгаков «Қалби сагона» гӯем,  барои ман «қарори қатъӣ навишта шуд. Аниқ. Ҳақиқӣ. Зиреҳ».
Мактабе, ки ман рафтам, низ мактаби ҳақиқӣ буд.  На он  як бинои номаълуме, ки дар он  донишомӯзони синфҳои гуногун якҷоя менишастанд. Дар давоми як сол дар деҳа  барои мактаби  миёна як бинои боҳашам сохтанд.  Мактаби даҳсола! Ҳукумати Шӯро кӯшиш мекард, ки бачаҳои Осиёи Миёна ҳарчи тезтар мукаммал  саводнок шуда, бесаводиҳои пешинро паси сар намоянд. Барои сохтмони мактаб тамоми деҳа иштирок кард. Ман дар болотар дар бораи ҳашар – анъанаи маъмулии мардуми таҳҷоӣ,  дар мисоли сохтмони иморатҳои мардум  гуфта будам. Одатан, агар кадом як Икром ё Ислом  иморат сар карданӣ шавад, ӯ рӯзи ҳашарро  ба мардум пештар  хабар дода, ҷойи ҳашар ва ғизои хӯрданиро низ тайёр карда мемонд. Дар рӯзи муайяншуда  ними мардуми деҳа ин ҷо ҷамъ мешуданд: хешу табор, ҳамсояҳо, ёру ошноҳо. Яке лойро омехта мекард, яке  ҷуқур мекофт,  дигаре  чӯбро арраю ранда мекард.  Кор аҳлона, бо ҷӯшу хурӯш, хандаю чаҷ-чақ  пеш мерафт...
Муҳандисон, духтурони рус.... Акнун  ташкилотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ мактабҳоро бо омӯзгорони омада таъмин мекарданд.  Дар деҳаи мо ба онҳо бо назари хоса нигоҳ мекарданд. Омӯзгоронамро аз забони модарӣ, забони русӣ, тарбияи ҷисмонӣ, махсусан ҷуғрофия,  нағз дар хотир дорам.  Ному насаби  муаллими ҷуғрофияро фаромӯш кардаам. Лекин фомилашро  медонам: Юнусов. Дарси ӯ аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо як эҳсосоти хоса оиди   паҳноҳои Русия, кишварҳои дур, баҳрҳои шӯроб, боигариҳои табиӣ, ки  дар қишри замину мағзи кӯҳҳо маҳфуз буданд, ҳикоя мекард. Аз чӣ бошад, ки ҳикояи ӯ дар бораи ҳавзаи кони ангиштсанги Силез ва аз пайи он  орзуҳои бачагонаи ман, ки дар он ҷойҳо шудан буд, сахт  ба хотирам нақш бастааст. Дар паси партаи мактаби деҳа  нишаста, ман орзу мекардам, ки  тамоми оламро бубинам. Оё чунин рӯз насибам мешуда бошад?  Магар ман Сафири Фавқулодда ва Мухтор мешавам? Сар то сари дунё, кураи Заминро давр мезанам?
...Оғози ҷанг дар мағзи сари ман  хеле равшан нақш бастааст. Ман бо модару хоҳарам аз ғунучини ҳосил тасфида   бармегаштем. Авҷи дарави ғалла буд. Аз рӯ ба рӯи  мо   шахси ношиносе  аспи арақшорро  қамчин зада меомад. Вай ба хирман  наздик шуду  наистода,  аз болои асп  фарёд зад: «Ҷанг!» Баъди як моҳ падарам ба фронт рафт. Бачаҳои калонсол, ки бе ин ҳам бештар бекору беҳуда  мегаштанд, мактабро монда, пурра ба кори колхоз банд шуданд. Ман ҳамон вақт синфи ҳаштумро хатм карда будам...
Ба ғайр аз ҳашт нафар додару хоҳарони худам ман боз биступанҷ нафар амакбачаю тағобача, аммабачаю холабача  дорам. Хешони мо бо ҳам ниҳоят аҳл, ҳеҷ гоҳ ҳамхун будани худро фаромӯш намекунанд. Гоҳ-гоҳ дар дидорбиниҳои оилавӣ ҳамон воқиаи қариб бо фоҷиа анҷомёфтаро ба хотир оварда, (одатан занҳо) маро бо  даст нишон дода мегӯянд: «Ана бубинед, хурдакак бошад ҳам,  наҳаросидааст!» Шояд навҷавонҳои имрӯз худро аз муаммоҳои ҳаёт дур медоранд, калонсолон аз беҳавсалагӣ худро дур мегиранд.  Бачаҳои то замони ҷанги ғазалкентӣ, ҳамон воқиаро чӣ тавр  осон гумон мекарда бошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: