Интихобан мутолиа кардани китобро аз бачагӣ шурӯъ кардан лозим.
Аз зиндагиномаи Алишер Навоӣ маълум аст, ки ӯ ҳангоми мутолиаи «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор панҷсола буд. Падару модари ӯ таҳти таъсири ин китоб дар рӯҳияи шоир пайдо шудани дигаргуниҳоро пай бурда, мутолиаи онро манъ мекунанд. Ҳол он ки Алишери ҷавон аллакай ин китобро аз худ карда буд.
Дар китобҳои «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Чор дарвеш», ки намунаҳои машҳури дар миқёси дунё эътирофшудаи адабиёти халқӣ мебошанд ё дар китобҳои пурмуҳтавои адабиёти ҷаҳон мисли «Декамерон», «Азизам», «Сад соли танҳоӣ», «Дони ором» сужетҳое вомехӯранд, ки ҳазм кардани онҳо барои бачагони хурдсол душвор аст. Аммо ин ба қимату аҳамияти адабии асарҳои мазкур заррае таъсир намерасонад. Гап дар сари он аст, ки дар асоси тақдири мураккаби қаҳрамонон, хатоҳои содиркардаи онҳо як давраи маълум ё ҳолати ҷомеа ба пуррагӣ тасвир карда мешавад. Албатта, ин гуна тасвирҳо ба шуури китобхонҳо таъсири худро мерасонанд. Пас маълум мешавад, ки китобхон барои фаҳмидани асарҳои ҷиддӣ, дуруст қабул кардани онҳо бояд ба як синни муайян расида бошад. Метавон гуфт, ки бачагони ноболиғ, ки ҳанӯз таҷрибаи ҳаётӣ надоранд, пастиву баландии рӯзгорро намедонанд, ин гуна асарҳоро фаҳмида, ҳазм карда наметавонанд. Дар натиҷа дар онҳо фикрҳои нодуруст пайдо мешавад. Ин барои ҳама аён аст.
Умуман гирем, одамонро ба чор тоифа ҷудо кардан мумкин аст. Якум, онҳое, ки хоҳиши китобхонӣ надоранд, дуюм, онҳое, ки хоҳиши мутолиа доранд, аммо аз телефон, планшет, компутер ҷудо намешаванд. Севум, онҳое, ки китоби ба даст афтодаро мутолиа мекунанд.Чорум, китобхонҳои ҳақиқӣ, яъне онҳое, ки китобҳоро интихобан мутолиа мекунанд.
Айни замон ба мутолиа ба дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. Дар таҳти ин ташаббус мақсади олии тарбияи авлоди доно, закӣ, дорои салоҳияти баланди зеҳнӣ дар ҳама соҳаҳо меистад.
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 сентябри соли 2017 «Дар бораи ҳимояи бачагон аз ахборе, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонад» ба тасвиб расид. Он аз моҳи марти соли 2018 амал мекунад. 22 сентябри соли гузашта бошад, доир ба иҷрои қонун қарори ҳукумат қабул гардида, низоми дахлдор таҳия шуд. Мувофиқи ҳамин низом дар ҳамаи намудҳои манбаъҳои ахбор бинобар тоифаи синни бачагон маркаҳо бояд инъикос ёбанд. Тоифаи синну сол панҷто буда, ба таври зерин муайян гардид: «0+», «7+», «12+», «16+», «18+».
Фарз кардем, агар ба манбаи ахбор аломати «0+» гузошта шуда бошад, онро бачагони синну соли гуногун метавонанд хонанд, бинанд ва истифода баранд. Агар аломати «18+» инъикос шавад, далолат бар он мекунад, ки ахбор барои бачагон пешбинӣ нашудааст. Аломати махсус нисбат ба синну сол нодуруст гузошта шуда бошад, ё умуман мавҷуд набошад, маҳсулоти чопӣ ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи аломатҳои синну сол дар ҷойи намоёни манбаи ахбор, дар саҳифаи якуми нашрияҳои даврӣ, агар дар шакли китоб бошад, бояд дар зарварақи он инъикос ёбад.
Аммо талаби доир ба таснифи синну сол дар ахбори илмӣ, илмиву техникӣ, дорои маълумоти оморӣ ё арзиши таърихӣ, бадеӣ, маданӣ, ҳамчунин, дар адабиётҳои таълимӣ, нашрҳои иборат аз ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ахбори доир ба ҳолати муҳити атроф ё фаъолияти мақомоти давлатӣ, СМС-хабарҳои ширкатҳои телефони мобилӣ татбиқ карда намешаванд. Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Чӯлпон асосан ба нашр кардани китобҳои бачагона ва маҳсулоти китоб ихтисосонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки меъёрҳои қонуни мазкур барои бартараф кардани баъзе ҷиҳатҳои муайяншудаи фаъолияти мо мусоидат мекунад.
Пештар фақат ба китобҳое, ки барои бачагони синни хурд чоп мешуданд, қайдҳои «Гурӯҳи синни якум», «Гурӯҳи синни дуюм» навишта мешуд. Аммо ин натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Инак, ба китобҳое, ки аз ҷониби нашриёт чоп мешаванд, маркаҳо бинобар тоифаи синну сол мунтазам гузошта мешаванд. Дар ин ҷо савол пайдо мешавад. Тоифаи синну сол аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад?
Дар мисоли нашриёт гӯем, дар назди таҳририяти мо шӯрои бадеӣ фаъолият дорад. Шӯрои мазкур бо ба инобат гирифтани мавзӯъ, жанр, мазмун, ороиши бадеӣ, ахбори онро чӣ гуна қабул кардани бачаи синни муайян, эҳтимоли ба руҳия ва саломатии ӯ зарар расондани ахбор тоифаи синну солро муайян мекунад. Агар нашриёт ба ягон хулосаи муайян омада натавонад, дастнавис ба корбастҳои номнависшудаи Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон тақдим карда мешавад.
Волидони муҳтарам, ҳангоми барои фарзандони худ интихоб кардани китоб хондани он ҳоҷат надорад. Ба воситаи маркае, ки дар он таснифи синну сол дақиқ ва возеҳ нишон дода шудааст, метавонед китобро шинохта интихоб намоед.
Даврон УЛУҒМУРОДОВ,
сармуҳаррири Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Чӯлпон.