Пас аз мутолиаи мақолаи Озод Ҳамидзода, ки 6-уми июли соли 2024, (шумораи 53-54) дар «Овози тоҷик» бо номи «Китоби зери болини кӯдак» ба табъ расида буд, хостам чанд фикр ва андешаи худро иброз созам.
Дуруст аст, ки дар гузашта зери болини кӯдак китоб мегузоштанд. Ба ин кор то андозае масъулиятро низ ҳис мекарданд. Ин маънои онро дошт, ки аз китоб баҳравар буданд ё худ огоҳӣ доштанд. Мактаби миёнаро пурра хатм накарда бошанд ҳам, ба қадри илм, китоб мерасиданд ва соҳибилмро низ ҳурмат мекарданд. Модарон низ сари гаҳвора «алла»-ро бо оҳанг месароиданд. Орзуву нияти худро нисбати кӯдаки гаҳвора бо «алла» баён месохтанд. Ин як василаи тарбия буд. Имрӯз чӣ? Китоб ҳасту китобхон не. Рӯзнома ҳасту рӯзномахон не. Тоҷикон кӣ будани худро фаромӯш кардаанд. Вагарна... Имрӯз омӯзгорони ҷавоне низ ҳастанд, ки маълумоти олӣ доранд, вале шарм надошта: «Ман китоб, ё рӯзнома хонам сарам дард мекунад» мегӯянд. Ин маънои онро дорад, ки нахонда-нахонда одат кардаанд. Тахмин созед, ки чӣ хел соҳиби маълумоти олӣ шудаанд. Пас зери болини кӯдак китоб мондан чӣ суд, ки волидони он заррае ба китоб муҳаббат надоранд.
Ба фикри банда ҷавононро маҷбур кардан лозим, то китобхон шаванд. Агар пеш аз издивоҷ чанд китоби бадеӣ ва дар ҳаёт зарурӣ баҳри ҷавонон тавсия карда шавад ва онҳо хонанд, мувофиқ ба мақсад мешуд. Аз тарафи роҳбарону фаъолони маҳал ҷавононро аз рӯи китобҳои тавсияшуда санҷанд, яъне саволу ҷавоб кунанд. Агар омода набошанд, муҳлати издивоҷ дароз карда шавад, то аз нав тайёрӣ бинанд. Онҳо соҳиби ақидае бояд шаванд, ки хондан шарт аст, ё худ маҷбуранд, ки хонанд. Дигар илоҷ нест. Имрӯзҳо дар назди ҳокимияти ноҳияҳо курсҳои кӯтоҳмуддати якҳафтаина кушода шудааст, ки ҷавонон пеш аз шаҳодатномаи никоҳ гирифтан аз он сабақҳои заруриро мегиранд. Ҷавондухтаронро низ водор намудан зарур аст, ки китоб хонанд ва «алла»-хониро аз бар кунанд. Ин корро раиси занони ҳар як маҳалла метавонад ба роҳ монад ва аз духтарон низ пеш аз хонадоршавӣ имтиҳон гирад. Ба фикрам, ин ягона роҳест, ки ҷавононро китобхон месозад. Вагарна телефон кӯдакони моро тарбият мекунад ва медонем, ки ин оқибати хуб надорад. Бо ҳамин роҳ фарзандон дар дасти волидони худ китоб, ё рӯзнома дида, ибрат мегиранд.
Имрӯз масъулияти китобу рӯзномахонии волидон аз ҳарвақта заруртар аст, зеро сомонаҳои интернетӣ метавонанд онҳоро гумроҳ созанд. Пас, мо баҳри ояндаи фарзандонамон маҷбур ҳастем хонанда бошем. Бояд кӣ будани худро фаромӯш насозем. Дар кадом давру замон миллати тоҷик нисбати китобхонӣ бефарқ буд? Ин шармандагист. Пас бо кадом роҳе, ки набошад, мо бояд китобхониро ба роҳ монем. Беҳуда Мавлоно Ҷомӣ нагуфтааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ
китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ
китоб аст.
Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби
рақами 9-уми
ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд.