«КИТОБҲО БӮЙИ БОБОМРО ДОРАНД»

Солҳои охир чун дар кӯчаҳои Тирмизшаҳр медидамаш, дар олами худ фурӯ рафтаву андешаманд мегашт.

Ҷузвдони пур аз китобу дафтар зери каш чида-чида қадам мегузошт. Ӯро гоҳ ба самти хонааш равон медидам, гоҳе рӯ ба ҷониби коргоҳ. Аз чӣ меандешид ӯ? Магар ғуссае дар дил дорад? Ё ноамние дар оилааш рух додаву вайро ин тавр ба гирдоби андеша кашидааст? – дар ҳайрат мепурсам аз худ. На, на. Аз сурати босалобаташ, либоси шинами озодааш, сурхии рӯю пуррагии ҷисмаш... ҳувайдо буд, ки аз хайли шикастаҳолон нест. Ман хеле хуб медонистам, ки муаллим Нарзулло Сафармаҳмадов зиндагии осудае дошт, шукр, дар ин шаҳри садранг сарпаноҳеро соҳиб буд, дасторхонаш ҳам аз нон пур, фарзандонаш қобил ва мудом дар ҷустуҷӯйи илму ирфон ҳастанд... Пас, чаро ин марди бовиқор пайваста дар тафаккур ғӯтавар аст? – боз мепурсидам аз худ.
Вақте дар хонаи дӯстам Носирҷон Қурбонназаров як гурӯҳ ҳамдилон ҷамъ омадем, муаллим Сафармаҳмадов низ омад. 
– Агар ёрони ҳамдам намебудед, ман намеомадам, – гуфт муаллим бо ханда. – Дар ин шаҳр ҳамдилони ман каманд.
Суҳбати мо то дери шаб давом кард. Ба муаллим ду маҷмӯаи қаламиҳои худро ҳадя намудам. Чунон хурсанд шуд, ки гӯё як ҷаъба зар дода бошам. Ман то ҳол одамеро надида будам, ки китоберо ба туҳфа гирифта, ин қадар шод шуда бошад. Мо машғули суҳбату вай ноаён китобҳоро саҳифа мегардонд. Варақ задани ӯ ҳам аҷиб буд – чунон бо назокат, дар ҳадди меҳрубонӣ ин амалро иҷро мекард, ки гӯё тифли навзодеро ба даст гирифта бошад, ё ягон асари атиқаи санъат буд, ки бас эҳтиёт мешуд, то осеб набинад. Баъд шукуфон аз киса чанд сӯм баровардаву ба ман дароз кард:
– Ҳаминро гиред, додарҷон, – гуфт аз сидқи тамом. – Хеле заҳмат кашидагӣ шумо.
– Гиред, аз они муаллим табаррук, – ҳайрати маро ба мушоҳида гирифта, таҳрик доданд дӯстон.
Табассум дар лаб:
– Туҳфаро намефурӯшанд, – гуфтам ман беозор.
– Қурбонатон шавам, – чаманвор шукуфт муаллим. – Набошад, соядасте нависед.
Навиштам: «Ман фидои инсоне, ки китоб хурсандаш мекунад!»
Ин тавр, он шаби нек суҳбати мо гул кард. Дар миён баҳси китобу дафтар буд, баҳси миллату забон рафт, баҳси илм буду ирфон... Ман шунаванда будам.  Гоҳ-гоҳ бо суоле баҳсро доман зада, суҳбатро гарм мекардам...   
Дар ҷараёни суҳбатҳо фаҳмидам, ки чаро муаллим якзайл побанди андешаҳо будааст.  Вай ҳамсӯҳбати лоиқе наёфта, ҳама гапи худро дар дил хазина мекардааст. Китобро аниси худ қарор дода, ба ин мӯъҷизаи инсонӣ зиёда меҳр гузоштааст. Дар хонаи сеҳуҷрадори худ он қадар китоб ҷамъ оварда, ки агар маблағи ба он сарфшударо ҷамъ меовард, шояд ба харидани чанд мошини хуб кифоят мекард. Аммо ба муаллим аз мошин дида, ҳамин китобҳо авлотар буданд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки Нарзулло Сафармаҳмадов тамоми ин китобҳоро хонда буд ва агар андешае пайдо шуд, дар ҳошияи он дарҷ мекард. Таги ҷумлаҳои алоҳида бо қалам хат ҳам кашидагӣ – мурод ба фикри муаллиф розӣ аст, ё мутлақ онро қабул надорад.
Ин марди баномус ва инсони ростқавлу рострӯ дар деҳаи хушманзари Дарбанд  соли 1951 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Сафармаҳмад Сафарқулов дар мактаби рақами 9-уми деҳаи Дарбанд ба фарзандони мардум аз фанни математика дарс медод ва худ иштирокчии набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Дар деҳа ӯро хурду бузург яксон эҳтиром мекарданд. Чунки шахси доно, омӯзгори сахтгир, инсони ҳалолкор буд. Нони худу фарзандонро аз пайи заҳмати омӯзгорӣ таҳия мекард ва фарзандонашро низ дар роҳи рост ба камол мерасонид. Нарзулло дар оила фарзанди дуюм мебошад. Аслан оилаи бобои Сафармаҳмад аз се духтар ва панҷ писар иборат буд. Бо момои Басанда ин миқдор фарзандро ба дунё овардаву дар тарбияту таълими онҳо басо ранҷ бурдаанд. Панҷ писари онҳо маълумоти олӣ гирифтаанд ва имрӯз ҳар кадом соҳиби оилаҳои обрӯманде мебошанд. Аммо аз байни бародарон Нарзулло минбаъд аз пайи падар рафт ва касби омӯзгориро интихоб намудаву чун қиблагоҳаш шӯҳрат ёфт. Азбаски дар мактаб хубу аъло мехонд, солҳои 1968–1970 дар дабистони рақами 10-уми ноҳияи Бойсун чун котиб ба кор пазируфтанд. То соли 1973 дар хидмати Ватан-Модар қарор гирифт. Пас, то соли 1974 курси тайёриро гузашта, ҳамон сол ба риштаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Ин маскани илмро  соли 1979 бо ихтисоси математика хатм кард. Аммо иштиёқи омӯхтани илми ҳисоб Нарзуллои ҷавонро водор сохт, ки дар шаҳри Душанбе монад. Вай дар кафедраи математикаи олии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор ба кор шурӯъ кард ва дар он ҷо то соли 1985 фаъолият намуд. Дар ҳамин давра кори илмии худро бо муваффақият ҳимоя карда, номзади илм ҳам шуд. Аммо баъзе мушкилоти оила ӯро ба Ватан овард ва минбаъд муқими воҳаи Сурхон кард. Сафармаҳмадов аз соли 1985 ба Тирмиз омад ва фаъолияти худро дар Техникуми хоҷагии қишлоқ ба сифати омӯзгори математика шурӯъ намуд. Кор дар кафедраи математика ва информатика барои ӯ хеле роҳат даст медод, чунки дар соҳаи худ мутахассиси варзидае буд ва дар байни ҳамтоён чун ӯ номзади илм вуҷуд надошт. Сафармаҳмадов даҳ соли умри худро дар ин даргоҳ барои омӯзондани асрори илми риёзӣ сарф карда, шогирдони хеле зиёдеро таълиму тарбия дод. Вай чанде зарбаҳои ҳаётро мардонавор таҳаммул карда, ба мактаби рақами 13-уми шаҳри Тирмиз ба кори омӯзгорӣ баргашт. Баъдан дар литсейи туркӣ ба хонандагони иқтидорнок илми ҳисоб омӯзонда, аз он ҷо ба нафақа баромад.
Вай дар вилоят яке аз риёзидонҳои машҳур ба ҳисоб мерафт. Ӯ омӯзгориро яке аз пешаҳои бошарафе ҳисоб мекард ва худ аз интихоби ин касб ҳаргиз пушаймон набуд. Ҳамеша либоси озода ва куртаи сафеду гарданбанди зебояш салобати ӯро дучанд меафзуданд. «Хонаву палос, одаму либос» – мегуфт мақоли машҳури халқро ба ёд оварда. Ӯро дар ҳама гуна давраҳо намедиданд. Ба он ҷойҳое қадам мениҳод, ки аҳли назар ҷамъ омадаву лаби сухангӯе ҳузур дорад ва гӯши суханшунаве омода аст. 
Ӯ ва завҷаи бовафои ӯ – Ҳоҷар Тангриқулова зиндагии хушу бофароғате доштанд ва дар ҳаёт соҳиби панҷ нафар фарзанд шуданд, ки аз ин шумор чор духтари нозанин – Маҳина, Таҳмина, Заррина, Наргиза ва як писар – Дилшод мебошанд, ки тарбияти неке гирифта, имрӯзҳо бо дуои волидон ҳар кадом ба зиндагии мустақил машғуланд. Заррина Сафармаҳмадова дар кафедраи забонҳои хориҷии ДД Тирмиз омӯзгор аст ва ҳоло дар садади ҳимояи кори илмии худ қарор дорад. Дилшод хатмкардаи Донишгоҳи гуманитарии Маскав ба номи Шолохов ва мутахассиси соҳаи информатика ва иқтисодшиносӣ аст. 
Дар як суҳбат устод бо ширинзабонӣ:
– Худованд ба ман панҷ нафар фарзанди дӯстрӯ ва  5 ҳазор адад китоби нодир ҳадя кардааст, шукр ба даргоҳаш, – гуфта буд. 
Вай китобҳои бешуморашро низ дар радифи фарзандон медонист ва ба он ганҷинаи ноёб мисли ҷигарбандони худ муносибат мекард. Агар нафари корафтодае китоб пурсад, ҳаргиз рад намекард, аммо фурсат медод, ки хонаду ҳатман баргардонад.  
Чи тавре ки ҳаёт аз субҳу шом иборат аст, соли 2014 вай бе ҳамрози умр монд ва намедонист, ки бори вазнинро чӣ тавр то манзили мурод барад. Аммо сабри фурӯзон, ки дошт, ин дардҳоро таҳаммул кард ва аз барои ояндаи неки фарзандон дубора чун кӯҳе азим қомат рост намуд. Аммо аз қазо дар саросари ҷаҳон як маризии ҷонзудо доман густурд. Устод низ ба беморӣ печида, 28-уми июли соли 2020 дилаш аз кор монд. Соли сеюм аст, ки аҳли оилаи муаллим бе ҳузури ӯ дар рӯзи мавлудаш ҷамъ меоянд ва хотироти рӯзҳои рафтаро ба ёд оварда, оби чашм мерезанд. Арӯси хонадон Ноҳида мегӯяд, ки бобои фарзандонаш – Нарзулло Сафармаҳмадов дар дами вопасин ҳам китобҳои худро аз ҷевон берун оварда, ба давру пеш чида буд ва ҳар кадоми онро варақ задаву гӯё бо азизтарин узви хонадон худоҳофизӣ мекарда бошад, якеро мебӯид, дигареро ба оғӯш гирифтаву ба рӯяш табассум карда, дубора дар мақомаш мегузошт. Ба таъкиди вай, имрӯз набераҳои муаллим китобҳои бобоашонро ба даст гирифта мегӯянд:
– Китобҳо бӯйи бобомро доранд.
Ҳарчанд устод Нарзулло Сафармаҳмадов ҷисман ин дунёи дурӯғинро тарк кардааст, дар дили аҳли назар, фарзандон ва таборони меҳрубонаш рӯҳан зинда аст.  
    
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: