Сафири Ӯзбекистон дар Финландия Қадамбой Султонов аз мактабҳои таълими ҳамагонии «Kytopuiston koulu» ва «Lehtikuusen», воқеъ дар шаҳри Ванта, дидан кард.
Сафир дар ин даргоҳҳо бо директорони мактаб Лена Майа Ниеми, Маарит Хосно ва омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек Сабоҳат Машарифова суҳбат орост.
Дипломати Ӯзбекистон ба мактабҳои мазкур китобҳои дарсии забон ва адабиёти ӯзбекро, ки аз ҷониби Бунёди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон пешниҳод гардидааст, тақдим намуд.
Шаҳри Вента бо инфрасохтори рушдкарда ва маҷмӯъҳои манзили зисти нисбатан арзони худ дар байни муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо меоянд, машҳур аст. Дар шаҳр бозори маҳсулоти ҳалол низ вуҷуд дорад. Бозор ба мусалмонони мамлакат, аз ҷумла, ба аҳолие, ки аз Ӯзбекистон омадаанд, хидмат мекунад.
Бино ба гуфти директорони мактабҳо, ҳоло дар ин таълимгоҳҳо 44 забони хориҷӣ омӯзонда мешавад. Бо назардошти ба кадом мамлакат тааллуқ доштани хонандагон, барномаи муайяни таълимӣ ба амал татбиқ карда мешавад. Сохтори таълими дарамалбудаи Финландия, барои ба осонӣ мутобиқат намудани фарзандони миллатҳои дигар ба ҷамъият, барномаи мазкурро дастгирӣ мекунад. Зеро, бачаҳо ба омӯзгорон бештар бовар мекунанд, бо як забон бо онҳо тамос мегиранд ва мушкилиҳои омӯзишро осон пушти сар мегузоранд.
Дар қатори дигар забонҳо дарси забони ӯзбекӣ низ тибқи барномаи таълимӣ ҳафтае ду соат таълим дода мешавад.
Бино ба гуфти омӯзгори фанни забони ӯзбекӣ Сабоҳат Машарифова дар мактаб барои мукаммал омӯхтани забони ӯзбекӣ хонандагони ӯзбекистонӣ ба китобҳои дарсӣ ниёз доранд.
— Барои ҳалли ин мушкил ба сафоратхонаи Ӯзбекистон, ки кумакашро дареғ надошт, арзи сипос менамоем, — изҳор дошт ӯ.
Дар вохӯрӣ иштирокдорони мулоқот оиди таъмини мактабиён бо дастурҳои таълимӣ ба мувофиқа расиданд.
АИ «Дунё»,
ХЕЛСИНКИ.