Роҳандозии таълими босифат дар мактабҳо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо китобҳои дарсӣ ҳамбастагӣ дорад. Таҳкурсии донишу таҷрибаи донишомӯзон бошад, маҳз дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Яъне, дар ҳаёти хурдсолон баробари ба мактаб қадам ниҳодан саҳифаи комилан нав боз мегардад. Барои онҳо дунёи нав, давраи мактабӣ, марҳилаи омӯзиш оғоз меёбад.
Маҳз дар ҳамин давр дар дили хонандагон нисбат ба мактабу донишандӯзӣ меҳру муҳаббат ва ба хондан завқ бедор кардан, барои муваффақияти минбаъдаи онҳо замина мегузорад. Ин аст, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон, бо китобҳои дарсии замонавӣ таъмин кардани онҳо диққати махсус дода, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриро имзо кардаанд.
Аз ҷумла, 28 январи соли 2022 Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» имзо гардид. Дар асоси иловаи якуми фармон «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» тасдиқ шуд, ки аз 100 ҳадаф иборат аст. Дар мақсади 42-юми ин стратегия масъалаи «То соли 2026 дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ пурра таҷдиди назар ва татбиқ кардани барномаҳои таълимӣ ва таъмини китобҳои дарсӣ» ба миён гузошта шудааст.
Мувофиқи он, дар асоси Барномаи миллии таълимӣ то соли 2026 чоп кардани 699 номгӯй китобҳои нави дарсӣ, дафтарҳои машқ, китобҳои методии омӯзгорон ва иловаҳои мобилӣ муқаррар гардидааст.
Баъдан, ин масъала дар Фармони Президент аз 28 феврали соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатӣ бинобар татбиқ сохтани Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 дар «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» низ ба миён гузошта шуд. Дар фармон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, ислоҳсозии соҳа дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, вазифаи аз соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ зина ба зина ҷорӣ кардани барномаҳои таълимие, ки ба тарбияи донишомӯзон дар рӯҳи арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ, ватандӯстӣ, ҳамзамон, дар онҳо ташаккул додани шуури коммуникативӣ, тафаккури танқидӣ ва эҷодӣ, корбарӣ дар гурӯҳҳои таҳқиқотгарӣ (коллаборатсия, коммуникативӣ, креативӣ, критикӣ – 4К) нигаронида шудаанд, гузошта шуд.
Тибқи ҳадафи 42-юми иловаи ин фармон Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, инчунин, Вазорати иқтисодиёт ва молия вазифадор гардиданд, ки аз моҳи сентябри соли 2023 сар карда, донишомӯзони синфҳои 1-4-уми муассисаҳои таълими миёнаи умумиро бо авлоди нави китобҳои дарсӣ, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ чоп шудаанд, таъмин кунанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои фармон аз моҳи сентябри соли 2023 ба донишомӯзони синфҳои ибтидоии мактабҳои ҳамагонӣ китобҳои наву замонавӣ, ки дар асоси модели «4К» омода гардидаанд, дастрас карда шуд ва аз ин иқдоми накӯ на танҳо донишомӯзону омӯзгорон, балки волидон низ шод шуданд. Аммо...
Хуб медонем, ки таълим дар мамлакатамон бо ҳафт забон роҳандозӣ шудааст. Вале дар соли таҳсили 2023-2024 танҳо донишомӯзони синфҳои ибтидоии мактабҳое, ки таълим бо забони ӯзбекӣ ва русӣ аст, бо китобҳои нав таъмин гардиданд. Масъулон ба роҳбарони мактабҳое, ки таълим бо забонҳои бародарӣ – тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ аст, гуфтанд, ки китобҳо пас аз чоряки якум дастрас мегарданд. Аммо чоряки як, ду, се ва ҳатто соли хониш ба охир расиду китобҳои нав фиристода нашудааст. Муаллим, донишомӯз ва волидони онҳо умедвор буданд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 китобҳои навро ба даст мегиранд. Сад афсӯс, ки чоряки якуми соли нави хониш низ анҷом ёфту чоряки дувум сар шуд, аммо то ҳол китобҳо дастрас нашудаанд (ғайр аз чанд номгӯй китоб, ки ба баъзе мактабҳо фиристода шуданд). Донишомӯзони ин мактабҳо то ҳол аз китобҳои кӯҳна дарс мегузаранд ва ин ҳолат боиси эътирози волидону омӯзгорон гардида, чанде аз намояндагони мактабҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ аз вилоятҳои Тошканд, Сурхондарё, Фарғона, Қашқадарё ва Навоӣ аз рӯйи ин масъала ба мо муроҷиат карданд.
Воқеан, аз маълумотҳои зикршуда низ аён мегардад, ки корҳо бобати нав кардани китобҳои дарсӣ аз соли 2022 оғоз ёфтааст. Аз байн ду сол гузашт, лек то ҳол дар ин самт мушкилиҳо ба чашм мерасанд ва яке аз онҳо то ба кунун ба синфҳои ибтидоии баъзе мактабҳои ҳамагонӣ дастрас нагардидани китобҳои нави дарсӣ мебошад.
– Дар мактабҳои таълими умумие, ки таълим бо забонҳои бародарӣ аст, ҳоло аз китобҳои дарсии пештар чопшуда истифода мебаранд, – гуфт сарвари Садорати таъминоти методии раванди таълим ва китобҳои дарсии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Дилшода Норбоева. – Бояд гуфт, ки макети ин китобҳоро Маркази илмиву методии ҷумҳуриявии рушди таълим ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ нахуст бо забони рӯсӣ омода ва баъд ба ӯзбекӣ тарҷума карданд. Азбаски дар ҷамоаи онҳо мутахассисони дигар забонҳо набуданд, китобҳоро бо ин ду забон тайёр ва ба вазорат пешкаш намуданд. Соли гузашта мо барои синфҳои ибтидоии мактабҳое, ки таълим бо забони ӯзбекӣ ва русӣ аст, авлоди нави китобҳои дарсиро чоп кардем. Тарҷумаи ин китобҳоро ба забонҳои бародарӣ ба нақшаи имсолаи худ даровардем ва барои ин аз буҷет маблағ ҷудо карда шуд. Бояд гуфт, ки кори тарҷума хеле мушкил аст ва дар як вақт анҷом додани кор имконнопазир мебошад. Ман худ тарҷумонӣ кардаам. Барои тарҷумаи як китоб қариб ду сол сарф намуда будам. Дар ин кор саросемагӣ нашояд. Чунки бо ғалатҳо ба мактабҳо дастрас кардани китобҳои дарсӣ хуб нест.
Мавсуф зикр кард, ки барои омодасозии китобҳо дарёфтани тарҷумон, муҳаррир, мусаҳҳеҳ, инчунин, мутахассисони фаннӣ хеле мушкил аст. Масалан, барои тарҷумаи китоби «Физика» баробари тарҷумони моҳир, муаллими ботаҷрибаи ин фанро дарёфтан лозим. Аммо мутахассисони ботаҷрибаву заковатманд ангуштшуморанд.
– Имсол тарҷумонҳои мо китобҳои «Информатика», «Таърихи Ӯзбекистон» ва боз чанд китоби дигарро ба забонҳои бародарӣ тарҷума карданд, – иброз дошт Дилшода Норбоева. – Илова бар ин, ба онҳо китобҳои синфҳои ибтидоиро додем. Танҳо барои синфҳои ибтидоӣ қариб 400 адад китоби дарсӣ мавҷуд ва ин ҳамаро тарҷума кардан лозим. Бобати омодасозии китобҳо ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ мушкилӣ вуҷуд надорад. Чунки мутахассис зиёд аст. Аммо ба дигар забонҳо кадрҳо кам мебошанд. Як-ду нафар бо сарбории зиёд кор мекунанд. Ғайр аз ин, кор танҳо бо тарҷума анҷом намеёбад. Баъд аз тарҷума, мутахассисони фанниро даъват мекунем ва онҳо китобҳоро аз назар гузаронида, ғалату камбудиҳояшро ислоҳ мекунанд. Инчунин, макети китобҳоро ба муассисаҳои таълими олӣ, ба гурӯҳи экспертиза медиҳем, то хонда хулоса диҳанд. Баъд аз ин боз сад маротиба аз назар мегузаронем. Бо вуҷуди ин, боз хато мегузарад. Масалан, соли гузашта дар тарҷумаи китоб ба забони тоҷикӣ ба вазъи ногувор афтодем. Китобҳо ношоям баромаданд ва ноилоҷ ҳамаи онҳоро ҷамъ карда гирифтем. Баъд гурӯҳи дигар аз нав тарҷума ва таҳрир намуданд. Аз ин рӯ, кори тарҷума мушкилоти зиёд дорад. Ин ҳама равандест, ки бо захираи инсон ва вақт вобаста мебошад. Мо ба қарибӣ тарҷумаи 400 китоби дарсии синфҳои ибтидоиро ба забонҳои бародарӣ анҷом додем ва ҳоло дар дасти чоп аст.
– Ҷараёни тарҷума хеле мураккаб аст, – илова кард сармутахассиси садорати мазкур Учқун Ҳомутов. – Дар ин раванд тарҷумон бо муаллифи асосӣ якҷоя кор мебарад. Аз ин рӯ, иҷрои он вақти зиёд тақозо мекунад. Гоҳо барои тарҷумаи 10-20 саҳифа як моҳ сарф мешавад. Баъзан аз мутахассисони ҷалбшуда низ хато мегузарад. Аз ин ҳолат баъзе омӯзгорон, ки таҷрибадоранд, лаб ба шикоят мекушоянд. Ғайр аз ин, дар бораи забони китобҳо низ баҳсҳо зиёданд. Гоҳо ҳангоми тарҷума ба китобҳо калимаҳои шевагӣ роҳ меёбанд. Ин ҳолат низ боиси шикоят ва эътирози барҳақи муаллимон мегардад. Дуруст, ки дар ин самт мушкилиҳо кофиянд. Ҳатто беш аз меъёр. Лекин мо ҳамеша барои ҳалли онҳо мекӯшем. Ҳоло раванди чопи китобҳо идома дорад ва то моҳи декабр китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ чоп шуда, ба мактабҳо дастрас мегарданд.
Воқеан, норасоии китобҳои дарсӣ мушкили ташвишовар аст. Чунки ин ҳолат боиси дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот дар мактабҳо мегардад. Масъулони вазорат ваъда доданд, ки китобҳо то моҳи декабр ба донишомӯзон дастрас мегарданд. Инак, ба оғози ин моҳ ҳам ду ҳафта монд. Мебинем, ки онҳо ба ваъдаи худ вафо мекунанд ё не. Ва мо албатта ба ин мавзӯъ боз бармегардем.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
хабарнигори «Овози тоҷик».