КЛАСТЕР: ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони «Сурум»-и ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд дар Осиёи Марказӣ калонтарин заводи ба азнавкоркарди шолӣ ихтисосонида ба кор шурӯъ намуд.

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони «Сурум»-и ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд дар Осиёи Марказӣ калонтарин заводи ба азнавкоркарди шолӣ ихтисосонида ба кор шурӯъ намуд.
Он дар ҶММ «TCT Rice»-и таркиби кластери «TCT Cluster» (Tashkent Cotton Textile cluster) ташкил ёфт.
Масоҳати умумии маҷмӯъ 6 гектар буда, он майдони калони хирман, 2 анбори пӯшидаи ғунҷоишаш 15 ҳазор тоннагӣ, сехи тозакунӣ ва хушконидани маҳсулот, инчунин заводи замонавии азнавкоркарди шолиро дар бар мегирад.
TCT Cluster соли 2018 ташкил гардида, дар 37 гектар соҳаҳои TCT Agro cluster-ро, ки аз TCT Rice (шолипарварӣ) ва TCT Fish (моҳипарварӣ) таркиб ёфтааст,  иборат буда, силсилаи яклухти саноатиро ташкил медиҳад.
– Соли ҷорӣ аз ҷониби «TCT Rice» дар зиёда аз 2,5 ҳазор гектар замин якчанд навъи шолӣ, аз ҷумла «Лазурный», «Искандар», «Мустақиллик», «Тарона» корида, новобаста аз шароити номусоиди обу ҳаво ва норасоии об дар даври обёрӣ ҳосили фаровон рӯёнда шуд, – мегӯяд директори генералии TCT Сluster Фирӯз Акобиров. – Баҳри беталафот ҷамъоварии ҳосил аз 40 комбайни кластер истифода бурданд. Дар натиҷа ҳосили ҷамъоварда 9,5 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки пештар ҳосили ҷамъовардаро дар анбор нигоҳ медоштанд. Тавассути лоиҳаи қиматаш 25 миллиард сӯмина ин мушкил ҳалли худро ёфт ва дар худи кластер азнавкоркарди шолӣ ба роҳ монда шуд.
Минбаъд дар нигаҳдории шолӣ аз технологияи нав истифода мебаранд. Ҳосили ғундошташударо пешопеш ба халтаҳои махсуси ғунҷоиши ҳар кадом 1 тоннагӣ андохта, дар анбор нигоҳ медоранд.
Сехи тозакунӣ ва хушконидани шолӣ бо чаҳор самт ҷиҳозонида бо ёрии онҳо дар як шабонарӯз 120 тонна ҳосил хушконида мешавад.
– Ғайр аз шолӣ боз дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар ин ҷо тоза ва хушконидан мумкин аст, – мегӯяд директори TCT Agro cluster Матлуб Нӯъмонов. – Ин маҷмаъ соли 2018 бо ташаббуси сарвари кишвар ташкил шуд. Инак, ду сол инҷониб дар натиҷаи меҳнати софдилонаи деҳқону фермерон ҳам дар соҳаи пахтакорӣ ва ҳам шоликорӣ ба муваффақиятҳо ноил мешавем. Ғайр аз ин ба парвариши мош низ эътибор медиҳем. Алҳол эҳтиёҷ ба ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷ бештар мегардад. Дар ин бобат бо мутахассисони чиноӣ ҳамкорӣ менамоем ва ҳатто аллакай фурӯши ин маҳсулот ба Чин ба роҳ монда шудааст.
Агрокластери Тошканд ҳамкориро бо олимони Донишкадаҳои илмию тадқиқотии пахтакорӣ, шоликории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, шӯрои илмиву техникӣ ташкил намудааст. Масалан, бо олимони соҳаи пахтакорӣ дар ин ҷо навъи «Янги Бухоро-10» кошта, аз ҳар гектар 40-43 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёндаанд. 
Завод дар мавсим ба иқтидори коркарди аз 25 то 40 ҳазор тонна маҳсулот қодир аст. Он бо асбобу ускуна ва дастгоҳҳои замонавии ширкати «Yashar Marina»-и Туркия таҷҳизонида шудааст. Бо ёрии ин дастгоҳҳо гуринҷро ба навъҳо ҷудо карда, ба халтаҳои махсуси аз 2 то 50 килограммӣ меандозанд. Дар оянда ба кор даровардани хати дуюми завод ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа иқтидори корхона ду баробар зиёд хоҳад шуд.
Дар соҳаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Қӯйичирчиқ 850 нафар бо кор банд буд, ҳоло бошад бинобар кластер 8,5 ҳазор нафар ба кор ҷалб карда шудааст.
Маълум аст, ки шоликорӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Тошканд низ ба роҳ монда шудааст. Барои азнавкоркарди он аз санги осиё истифода мебаранд, дар натиҷа сифати маҳсулот хеле коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҷамоа баъди коркарди маҳсулоти худӣ ният дорад ҳамкориро бо фермерони хоҷагиҳои дигар ба роҳ монад.
Дар назди завод лабораторияи бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз фаъолият дорад. Дар он намӣ, сифат ва ҷараёни аз нав коркарди маҳсулот назорат карда мешавад.
Баъди ба кор шурӯъ намудани завод 41 нафар бо кор таъмин шуданд.
Хулоса, TCT Cluster бобати қонеъ намудани талаботи рӯзмарраи мардуми кишвар ба маҳсулоти кишоварзӣ мақоми худро пайдо кард, ки иқдоми нек аст.

Гулҷаҳон КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: