27 октябри соли равон сарвари давлат ба Фармон «Дар бораи чораҳои тезондани ислоҳоти корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ» имзо гузошт.
27 октябри соли равон сарвари давлат ба Фармон «Дар бораи чораҳои тезондани ислоҳоти корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ» имзо гузошт.
Дар машварати видеоӣ, ки 28 октябр баргузор шуд, зарурияти барои аҳолӣ ва корхонаҳо ташкил кардани клиника ва колл-марказҳо таъкид шуд.
Мо одатан таҳти мафҳуми клиника ҷоеро тасаввур мекунем, ки беморонро табобат мекунанд. Клиникаи маслиҳатӣ бо чӣ машғул мешавад?
Соҳибкор дар ҷараёни фаъолияти худ чандин бор бо монеаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, дар вазъиятҳои ночор мемонад. Дар клиникаҳои машваратӣ соҳибкорон метавонанд роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти худро дарёбанд, ки бо мавқуфгузории беасоси додани маблағҳои вомӣ, ҷудо кардани бино, қувваи корӣ барои истеҳсоли маҳсулот, содирот вобастаанд.
Барои корхонаҳои бузург ва соҳибкорон дар шаҳри Қаршӣ Клиникаи солимгардонӣ ва хусусигардонии корхонаҳо ташкил гардид.
Ҳангоми сафари худ ба вилояти Қашқадарё, ки 12-13 ноябр ба вуқӯъ пайваст, Президенти мамлакат аз ин клиника боздид ба амал овард ва бо фаъолияти он ошно шуд.
Дар клиника намоишгоҳи мунтазами маҳсулот, ки корхонаҳои азим ва соҳибкорони вилоят истеҳсол кардаанд, ташкил карда шудааст.
– Ин фармон дар қалби одамон акси садои гуногун дод: ҳам ташвиш ҳасту ҳам хурсандӣ. Мақсади асосии хусусигардонӣ ин таъмин намудани кори беш аз пеш самарабахши корхонаҳои дарамали давлатӣ ва барои соҳибкорон фароҳам овардани имконият мебошад, – мегӯяд директори Оҷонсии оид ба идораи активҳои давлатӣ Суннатилла Бекенев.
– Хуб маълум аст, ки иштироки зиёди давлат дар сарват ба корхонаҳо кӯмак мерасонад, ҳамзамон ба рушди соҳибкорӣ монеа мегардад. Чунончи, агар ба вазоратҳо ё худ идораҳо ягон хидмат тақозо гардад, онҳо ба сектори хусусӣ не, балки ба корхонаи маҳдуди давлатӣ муроҷиат мекунанд. Дар натиҷа муҳити рақобат инкишоф намеёбад, сифат паст мегардад, ки бешубҳа, боиси боло рафтани арзиш мешавад. Пӯшида нест, ки одамонро ин масъалаҳо ба ташвиш меоваранд: оё маблағҳои давлатӣ ғорат намешаванд, оё ҷараёни хусусигардонӣ шаффоф мегузарад? Оё ба ҷӯрабозӣ роҳ дода намешавад? Моликияти давлатӣ ин моликияти халқ аст. Бинобар ҳамин ҳам шаффофият ҳам ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ҳам ҳини фурӯши минбаъдаи онҳо, ҳам ҳангоми ба сармоягузорон пешниҳод кардани ин корхонаҳо, албатта таъмин карда хоҳад шуд. Бояд махсус таъкид кард, ки мақсад аз хусусигардонӣ сарпур сохтани буҷа нест, зеро давлат маблағи худро фақат барои пул намефурӯшад. Мақсад беш аз пеш солимгардонии корхонаҳост, то ки онҳо маҳсулоти рақобатбардор истеҳсол кунанд.
Як қатор душвориҳо дар истеҳсоли маҳсулот, имконияти пайдо карда натавонистани сармоягузор, муаммои гирифтани вом аз бонк ва мушкилоти дигар охири охирон вазъияти соҳибкорро мураккаб мекунанд, агар дақиқтар гӯем, муҳити носолимро ба миён меоваранд. Дар кишвари мо соҳибкорон бо мушкилоти худ ба Палатаи савдову саноат, қабулхонаҳои Сарвазир, Иттиҳодияи бонувони корчаллони Ӯзбекистон «Тадбиркор аёл», ба Омбудсмани тиҷоратӣ ва бисёр дигар ташкилот муроҷиат мекунанд. Онҳо, дар навбати худ, масъалаҳоеро, ки соҳибкоронро нороҳат месозанд, ба вазоратҳои дахлдори масъул мерасонанд. Вале муроҷиати онҳо зуд ҳаллу фасл намешавад, ба муҳлати номуайян кашол меёбанд.
Клиникаҳое, ки таъсис дода мешаванд, дар ҳаллу фасли чунин мушкилот кӯмакҳои таъҷилӣ мерасонанд. Пеш аз ҳама сабабҳои мушкилот амиқ таҳлил карда, баъд аз он бобати аз байн бардоштани сабабҳои ошкоршуда чораҳо андешида мешаванд. Ба ин кор намояндагони тамоми соҳаҳое, ки бо саъю кӯшиши муштарак мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл карда метавонанд, ҷалб карда мешаванд.
Клиникаҳои солимгардонӣ ва хусусигардонии корхонаҳо дар Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва тамоми вилоятҳо кушода шудаанд.
Ҳамчунин бинобар рақами 1082 call-маркази тамоми шабонарӯз амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Клиникаҳо аз ҷониби Оҷонсии оид ба идораи активҳои давлатӣ ва мақомоти ҳудудии он идора карда мешаванд. Дар фаъолияти онҳо Палатаи савдову саноат, қабулгоҳҳои Сарвазир, идораҳои ҳудудии вазоратҳои сармояҳо ва савдои хориҷӣ, рушди иқтисодӣ ва кам кардани нодорӣ, ҳамчунин намояндагони ҳокимиятҳо мунтазам иштирок мекунанд. Ғайр аз ин бинобар дархост кормандони вазорату идораҳои дигар, бонкҳои тиҷоратӣ низ метавонанд ҷалб карда шаванд.
Суннатилла Бекенев илова кард, ки дар вилояти Қашқадарё тақрибан ҳазор корхона мавҷуданд, ки фаъолияти худро боздоштаанд ё худ дар ҳадди пӯшидашавӣ мебошанд, онҳо бинобар андоз қарз доранд, маҳсулоти худро фурӯхта наметавонанд. Ҳамаи ин корхонаҳо ба солимгардонӣ эҳтиёҷ доранд. Дар клиникае, ки ба қарибӣ кушода шуд, фаъолияти ин корхонаҳо таҳлил карда, баъд аз ин ба онҳо кӯмак расонида мешавад.
Дар клиникаи мазкур барои пешниҳоди хидматҳои молиявиву иқтисодӣ, машваратҳои ҳуқуқшиносиву иттилоотӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Мутахассисони баландихтисос ҷалб гардидаанд, киоскҳои иттилоотӣ амал мекунанд. Дар ин ҷо метавон оид ба иншооти барои хусусигардонӣ гузошташуда, ҷойи онҳо, ҳолаташон, қоида ва тартиботи дигар маълумоти муфассал пайдо кард. Тамоми хидматҳо ройгонанд. Ба соҳибкорон бобати хариди активҳои давлатӣ, пайдо кардани ҷавоб дар бораи хусусигардонии корхонаҳо, ҳаллу фасли мушкилот кӯмакҳои амалӣ расонида мешаванд.
Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.