КЛУБИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАТБУОТӢ: ПЕШОМАДҲОИ СТРАТЕГӢ ДАР НИЗОМИ ГУЗАРГОҲҲОИ НАҚЛИЁТИИ МИНТАҚА

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои нақлиёту логистика ва транзит аз ҷумлаи самтҳои бартариноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад.

 Ин нафақат баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии мамлакат, балки рушди Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи ягона пешбинӣ менамояд. Аз ин нуқтаи назар таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бобати дар самти мазкур фароҳам овардани муҳити мусоиди сиёсӣ, ташкил намудани соҳат барои мулоқот ба мақсади дар тамоми самтҳо ҳамкории мустақимро бо кишварҳои минтақа ба роҳ мондан корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 
Конфронси байналхалқӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар низоми гузаргоҳҳои байналхалқии нақлиётӣ: пешомадҳои стратегӣ ва имкониятҳои истифоданашуда», ки аз 20 то 21 сентябри соли равон дар Тошканд баргузор мегардад, аз ин ҷумла мебошад.
Ин конфронси байналхалқӣ ба конфронси навбатии Клуби байналхалқии матбуот, ки 17 сентябр ба амал омад, бахшида шуд.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба роҳҳои автомобилгард Абдураҳмон Абдувалиев, муовини аввали раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» Фазлиддин Саъдуллоев, сардори Оҷонсии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов, ҷонишини аввали директори генералии Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Умид Ҳусанов, корманди масъули Вазорати савдои хориҷӣ Азизбек Салоҳиддинов, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва журналистон иштирок карданд.
Тавре ки дар чорабинӣ таъкид шуд, иқтидори нақлиётиву транзитии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо, мувофиқи ҷойгоҳи геостратегии минтақа, ки дар байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб ҳамчун пул хидмат мекунад, муайян карда мешавад. Муносибати мазкур ташкил кардани идораи ягонаи нақлиёти қаробатиро пешбинӣ менамояд, ки ҳамчун ваҳдати асосии транзитии байни бозорҳои ҷаҳон ва кишварҳои минтақа хидмат ҳоҳад кард.
Такмил додани инфрасохтори нақлиётӣ омили муҳими рушди сектори иқтисодӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар мамлакат Барномаи рушд ва бозсозии муҳандисиву коммуникатсионӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиёт барои солҳои 2015-2019 қабул гардид.
Барномаи мазкур ба рушди инфрасохтори нави роҳу нақлиёт имкон хоҳад дод, ки ба ҷалби борҳои иловагӣ, ташаккул додани усулҳои самарабахши фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди иқтидори нақлиётиву логистикии минтақа мусоидат мекунад.
Дар ҷамъомадҳо аз хусуси имкониятҳои иштирок дар боркашониҳои байналхалқӣ бо баромадани Ӯзбекистон ба бандарҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Кавказ ва уқёнуси Ҳинд сухан рафт. Дар бораи лоиҳаи ташкил намудани гузаргоҳи нави нақлиётии Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Уммон маълумот дода шуд.
Журналистон аз ваколатдорон ба масъалаҳои амнияти гузаргоҳҳои нақлиётие, ки Осиёи Марказиро бо Ҷануб мепайванданд, тартиби истифодаи тарифҳои ягона барои боркашониҳои транзитӣ аз тариқи ҳудуди кишварҳои ҳамсоя дар роҳҳои авиатсионӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, аҳамияти амалии конфронси байналхалқӣ бобати ҳарчи зудтар ба идораи байналхалқии нақлиётӣ табдил додани давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷавоб гирифтанд.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: