КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд

  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд
  • КМИ: намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд

31 июл дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботӣ масъалаи бақайдгирии намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуд.

Мутобиқи Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳизби сиёсӣ, ки номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардааст, ҳуқуқ дорад намояндаи ваколатдорро барои иштирок дар маҷлисҳои комиссияи интихоботӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, санҷиши дурустии варақаҳои имзо ва ҳисоб кардани овозҳо дар участкаи интихоботӣ таъин намояд.

Бақайдгирии намояндаи ваколатдор дар асоси Низомнома дар бораи намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот тасдиқ карда мешавад, сурат мегирад, ки тибқи он роҳбари мақоми олии ҳизби сиёсӣ намояндаи ваколатдори худро дар мӯҳлати панҷ рӯзи эълони расмии cap шудани маъракаи интихобот таъин мекунад, инчунин барои ба қайд гирифтани он ба Комиссияи марказии интихоботӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод мекунад.

Ба ин муносабат, роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки дар мамлакати мо амал мекунанд, намояндагони ваколатдори худро таъин карданд ва  барои бақайдгирии онҳо, ки бори аввал тавассути системаи иттилоотии «Е-сайлов» анҷом дода шуд, ба КМИ муроҷиат карданд.

Дар ҷамъомад ҳуҷҷатҳои намояндагони ваколатдоре, ки роҳбарони Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демокартии Ӯзбекистон,  Ҳизби социал-демократии Ўзбекистон «Адолат», Ҳизби демократии Ўзбекистон «Миллий тикланиш», Ҳизби халқӣ демократии Ўзбекистон ва Ҳизби экологии Ўзбекистон тасия додаанд, баррасӣ шуда,  дар бораи ба қайд гирифтан ва додани мандатқои шакли муқарраршуда қарор кабул карда шуд.

Раванди бақайдгирии Комиссияи марказии интихоботӣ низ тавассути системаи иттилоотии «E-saylov» сурат гирифт, ки тавассути он эътиборномаи онҳо ба таври электронӣ ба намояндагони ваколатдор интиқол дода шуд.

Худи ҳамон рӯз варақаҳои имзои шакли муқарраршуда ба намояндагони ваколатдор барои ҷамъоварии имзои интихобкунандагон, ки ҷонибдори иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот мебошанд, супурда шуданд.

Маълум аст, ки ҳизби сиёсӣ метавонад ба вакилӣ номзад пешбарӣ кунад, ки агар он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон на дертар аз чор моҳ пеш аз эълони маъракаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, камаш чиҳил ҳазор имзои шумораи интихобкунандагоне, ки иштироки онро дар интихобот тарафдорӣ мекунанд, ҷамъоварӣ карда бошад. Дар як сохтори маъмурӣ-ҳудудӣ (Ҷумҳурии Қорақалпоғистон, вилоят, шаҳри Тошканд) ҳизби сиёсӣ метавонад аз 40 ҳазор нафар интихобкунандагон на бештар аз ҳашт фоизи имзоҳоро ҷамъ оварад.

 

Хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ўзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: