КОДЕКСИ ИНТИХОБОТӢ – КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИИ ИНТИХОБОТИ ОШКОРО ВА ДЕМОКРАТӢ

Барои чӣ ба Кодекси интихоботӣ зарурат пайдо шуд?

Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардидааст, ки қонунгузории интихоботӣ, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакатамон аҳамияти муҳим дорад, аз як қатор қонун ва зерқонунҳо иборат бошад ҳам, аммо, мутаассифона то ҳол ба шакли як ҳуҷҷати яклухт оварда нашудааст. Бо назардошти ин вазифаи коркарду қабули Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шуда буд.

Бинобар ин, қонунгузории дарамали интихоботӣ дар таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ мушкилоти муайянро ба миён меовард. Дақиқтар ифода намоем, бо якчанд қонунҳо ба танзим оварда шудани аксарияти тамоюлҳои парокандаи ташкил ва баргузории ҷараёни интихоботӣ, такрор ёфтани қисми бисёри қоидаҳо, инчунин на дар дараҷаи қонун, балки дар асоси қоидаҳои дахлдор ва дастурҳои Комиссияи марказии интихоботӣ муайян карда шудани масъалаҳои зиёди муҳим дар байни онҳо баъзе номувофиқатӣ ва зиддиятҳоро ба вуҷуд меовард.
То айни ҳол баъзе меъёрҳои қонунгузории интихоботӣ ба талаботи замонавии ташкил ва баргузор намудани интихоботи демократӣ, инчунин амалиёти байналхалқӣ дар ин соҳа пурра мувофиқат намекарданд. Масалан, дар дами барои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам оварда шудани шароитҳои якхела, барои намояндагони Ҳаракати экологии Ӯзбекистон ҷудо намудани ҷойҳо дар палатаи поёнии парлумон дар асоси квотаҳои пештар муайяншуда  фаъолнокӣ ва ташаббускории онҳоро ба андозае суст мегардонд.

Кодекси интихоботӣ дар асоси тамоюлҳои байналхалқӣ таҳия шуд

Дар асоси андозаҳои пешқадами ҷаҳонӣ бори аввал дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар тӯли муддати кӯтоҳ лоиҳаи Кодекси интихоботӣ таҳия ва қабул гардид.
Дар ҷараёни коркарди лоиҳаи Кодекс қонунгузории интихоботӣ пурра аз рӯйхат гузаронда шуд. Дар мамлакатамон таҷрибаи бинобар интихобот ғанигардида умумӣ гардонда шуд. Таҷрибаи бойи мамлакатҳои мутараққӣ омӯхта шуда, дар асоси натиҷаҳои мусбати онҳо бинобар коркарди меъёрҳои самарабахш, ҳаматарафа корҳои васеъмиқёс татбиқ гардиданд.
Кодекси мазкур панҷ қонуни пароканда («Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи интихобот ба Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ», «Дар бораи интихобот ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон»), инчунин даҳҳо қарору дастурҳои ба ташкил ва баргузории интихобот марбути Комиссияи марказии интихоботиро дар худ муҷассам гардонд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҷараёни коркарди лоиҳаи Кодекси интихоботӣ таҷрибаи беш аз 50 мамлакати пешқадам омӯхта шуд. Таҳлили таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки дар айни ҳол Кодекси интихоботӣ дар қариб 40 давлат, аз он ҷумла Фаронса, Белгия, Бразилия, Беларус ва Озарбойҷон қабул шудааст. 
Ҷолиби диққат аст, ки дар тӯли солҳои охир дар аксарияти мамлакатҳо, аз он ҷумла Чехия, Федератсияи Русия, Қазоқистон саъю ҳаракати  қабул намудани Кодекси интихоботӣ бо роҳи ба тартиб даровардани қонунгузории интихоботӣ пурзӯр мегардад.
Лоиҳаи Кодекси интихоботӣ ҷамъ аз 5 намуди муҳокима ва экспертиза гузаронда шуд. Аз ҷумла, лоиҳа ба портали муҳокимаҳои лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир карда шуда, аз экспертизаи ҷамъиятии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, экспертизаи илмӣ, муҳокимаи мутахассисони амалиётчӣ, яъне экспертҳои комиссияи интихоботӣ ва Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ гузаронда шуданд. Бинобар ҷамъбасти онҳо беш аз 400 таклиф ва муҳокима расид.
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки Кодекси интихоботии мамлакат бори аввал аз экспертизаи байналхалқӣ гузаронда шуд. Дар конфронси байналхалқӣ бо иштироки корбастҳои созмонҳои байналхалқӣ, ки 16-17 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бухоро баргузор гардид, пешниҳодҳои ба лоиҳаи Кодекси интихоботӣ марбут муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Лоиҳаи кодексро Бюрои оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва бехатарии Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии мақомоти интихоботӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Комиссияи  венетсияи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ омӯхта, тавсияҳои худро доданд ва аксарияти онҳо ҳангоми коркарди Кодекс ба назар гирифта шуданд.
Кодекси интихоботии дар ин асос коркардшуда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид ва расман эътибор пайдо кард.

Навгониҳои асосии Кодекси интихоботӣ аз чиҳо иборатанд?

Кодекси интихоботӣ, ки дар худ тамоми андозаҳои байналхалқиро фаро гирифтааст, аз ду қисм, 18 боб, 103 модда тартиб ёфта, дар асоси тартиби мутлақо нав такмил ёфтааст ва як қатор навгониҳоро фаро мегирад, аз ҷумла:
– тартиби додани ҷойҳои депутатӣ барои намояндагони Ҳаракати экологии Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бекор карда шуда, бо ин шумораи умумии ҷойҳои депутатӣ дар Палатаи қонунгузорӣ (150) нигоҳ дошта шуд;
– тартиби амали рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон дар дараҷаи қонунгузорӣ муайян гардида, ба воситаи ҷорӣ кардани варақаи ягонаи интихоботӣ мафҳуми «варақаи интихоботӣ» бекор карда шуда, ба туфайли он барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ва овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот имконият пайдо шуд;
– тартиби баррасии муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ бинобар масъалаҳои ташкил, гузарондан ва эълон кардани натиҷаҳои интихобот ҷорӣ карда шуд;
– дар рафти ҷамъ овардани имзоҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба интихобкунандагон имконияти гузоштани имзо барои дастгирии якчанд номзад ё ки ҳизбҳо фароҳам оварда шуд;
– ба интихобкунанда ба муқобили фамилияи номзаде, ки барояш овоз медиҳад, гузоштани яке аз ин нишонҳо «+», «v», «x» рухсат дода шуд;
– тартиби фаврӣ  дар қитъаи интихоботӣ овехтани нусхаи баённомаи комиссияи интихоботии қитъавӣ дар бораи ҳисобу китоби овозҳо барои дар муҳлати на кам аз 48 соат шинос намудани ҳама муқаррар карда шуд;
– қоидае ҷорӣ гардид, ки: ҳангоми таъсис додани ҳавзаҳои интихоботӣ тафовути ниҳоии имконпазири интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ набояд аз 10 фоиз гузарад;
– номзадҳо ба узви комиссияи интихоботӣ аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо пешбарӣ гардида, баррасии номзадҳои мазкур дар ҷамъомадҳои Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, инчунин ба комиссияи дахлдори интихоботӣ тақдим намудани тавсиянома барои тасдиқи онҳо пешбинӣ шудааст;
– дар ҳолати дар як вақт баргузор намудани интихобот ба Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ ташкил намудани қитъаи ягонаи интихоботӣ ба назар гирифта шудааст;
– дар дараҷаи қонунгузорӣ тартиби интихоботи аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст;
– талаботи ба аъзои Комиссияи интихоботии тамоми дараҷаҳо пешниҳодшаванда (аъзои комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ҳавзавӣ ва қитъавӣ метавонанд шаҳрвандоне бошанд, ки ба синни 21 расидаанд, маълумоти миёна ва олӣ, таҷрибаи кор дар тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботро доранд ва дар байни аҳолӣ соҳибобрӯ мебошанд) мустаҳкам карда шудааст;
– татбиқ намудани қоидаҳои дахолатнопазирии аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, ки нисбати депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва аъзои Сенат истифода мегарданд, пешбинӣ шудааст.

Интихоботи оянда дар асоси Кодекси интихоботӣ мегузарад

Соли ҷорӣ – соли интихоботҳо. Интихоботи оянда, ки баргузории он моҳи декабр пешбинӣ шудааст, муташаккилона ва дар дараҷаи баланд мувофиқи кодекси нав баргузор хоҳад шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Кодекси интихоботӣ дар асоси амалиёти миллӣ, таҷрибаи байналхалқӣ ва хориҷӣ ба таври куллӣ  аз нав дида шуд. Ҳуҷҷатҳои қонунгузории  парокандаи ба шакли яклухт овардашуда бо мазмуни нав ғанӣ гардонда шуданд.
Аз ин рӯ ба мақсади таъмин кардани ошкороӣ ва шаффофият дар ҷараёни интихоботӣ васеъ дар бораи тағйиротҳо, моҳият ва мазмун, аҳамияти Кодекси интихоботӣ хабардор намудани аҳолӣ  низ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Дар айни ҳол, дар маҳалҳо бояд аъзои комиссияҳои интихоботии тамоми дараҷаҳо ва гурӯҳи кориро бо қоидаҳои нави ба кодекс ворид кардашуда аз наздик шинос бояд кард. Баробари ин, ташкил намудани вохӯрӣ, тайёр намудани силсилаи барномаҳо барои равшан намудани қоидаҳои Кодекс аз ҷониби журналистон мувофиқи мақсад мебуд. Ба ғайр аз ин, таъмин кардани истифодаи самарабахши технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ дар низоми иттилоотии идоракунии ҷараёни интихоботӣ яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Хулоса карда гуфтан мумкин аст, ки Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пайваста дар мамлакатамон ҷорӣ намудани меъёру андозаҳои байналхалқӣ, ба як шакл даровардани меъёрҳои қонунгузории интихоботӣ, барҳам додани номувофиқатӣ, мақсад ва манфиатҳои ба ҳам зид, аз ҳама муҳимаш барои таъмин кардани  татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва ҳифзи онҳо асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Валишер ДАВЛАТОВ,
саркорманди илмии Донишкадаи мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парлумонии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: