Президент Шавкат Мирзиёев 28 октябри соли 2022 Қонун «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро имзо кард, ки баъд аз шаш моҳи расман чоп гардиданаш, яъне моҳи апрели соли равон иқтидор пайдо мекунад.
Меъёрҳои ҳуқуқии Кодекси нави меҳнатиро бояд ҳама донанд, зеро ҳар кадом шаҳрванди болиғ иштирокдори бозори меҳнат ба шумор меравад.
Бояд қайд кард, ки дар таърихи ҷумҳурӣ ҳуҷҷати танзимгар – Кодекси нави меҳнатӣ бори сеюм қабул мегардад.
Тӯли панҷ-шаш сол мутахассисон зуд-зуд фикру ақидаҳои худро дар бобати Кодекси меҳнатии кӯҳнашуда баён мекарданд. Бо дарназардошти афкори ҷамъиятӣ вазифаи коркарди Кодекси меҳнатӣ дар таҳрири нав пеш гузошта шуд ва бинобар ин Қонун «Дар бораи тасдиқ намудани Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.
Кодекси нави меҳнатӣ аз ду боб – умумӣ ва махсус иборат аст.
Боби умумӣ ба масъалаҳои асосие, ки барои тамоми идораҳои ҳуқуқи меҳнатӣ аҳамияти муҳим доранд, бахшида шуда, аз ду қисм: равандҳои асосии ҳуқуқи меҳнат ва ҳамкории ҷамъиятӣ дар соҳаи меҳнат иборат мебошад.
Қисми махсус аз панҷ қисмат: қабул ба кор, муносибатҳои шахсии меҳнатӣ, тайёрии касбӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон, махсусияти танзими ҳуқуқи меҳнатии баъзе табақаҳои кормандон, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон, баррасии талошҳои меҳнатӣ иборат аст.
Бояд таъкид намуд, ки вобаста ба тағйироти сохторӣ ба Кодекси нави меҳнатӣ як қатор қисмҳо ва бобҳо ворид карда шуданд. Миқдори моддаҳо ду барорбар зиёд шуд ва 581 ададро ташкил дод.
Кодекси нави меҳнатӣ ба мавзӯи омӯзиши ҳуқуқи меҳнатӣ дар шакли «Муносибатҳои шахсии меҳнатӣ – муносибати ҷамоавии меҳнатӣ – муносибатҳои протсесуалӣ» наздик карда шудааст. Пештар ин муносибатҳо тафриқа доштанд.
Бо дарназардошти мазмуни қисми сеюми моддаи 1-уми Кодекси меҳнатии амалкунанда дар бораи он ки Кодекс танҳо муносибатҳои шахсии меҳнатиро танзим менамояд, хулосаи нодуруст баровардан мумкин аст.
Дар амал ба соҳаи танзими қонунгузории меҳнатӣ, нафақат муносибатҳои меҳнатӣ, балки муносибатҳои дигаре, ки бевосита ба онҳо алоқаманданд (шарикии иҷтимоӣ, тайёрии касбӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисос, назорати риояи қонунгузории меҳнатӣ, баррасии талошҳои шахсӣ ва ҷамоатии меҳнатӣ), тааллуқ доранд.
Ба Кодекси нави меҳнатӣ моддае дохил карда шуд, ки дар он равандҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятие, ки бевосита ба онҳо алоқаманданд, зикр шудаанд, ҳамзамон мазмуну моҳияти ҳар кадом раванд дар моддаҳои ҷудогона кушода дода мешавад.
Баробарии ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манъи тазъиқ дар соҳаи меҳнат ва шуғл, озодии меҳнат ва манъи меҳнати иҷборӣ, шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, кафолати таъмин кардани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ, роҳ надодан ба бадшавии вазъи ҳуқуқии корманд ба равандҳои асосии кодекси нав тааллуқ доранд.
Кодекс ҳамчунин боберо бобати қонунгузории меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои меҳнатро дарбар мегирад. Дар боби сеюми Кодекси нави меҳнатӣ мафҳуми муносибатҳои шахсии меҳнатӣ кушода дода шудааст. Субъектҳои онҳо муайян карда шуда, ҳуқуқҳои асосӣ ва ӯҳдадориҳои кормандону коргузорон сабт ёфтаанд. Ба асосҳои сар задани муносибатҳои шахсии меҳнатӣ эътибори махсус дода мешавад.
Ба фикри мо, Кодекси нави меҳнатӣ эътидоли манфиатҳои кормандон, коргузорон ва давлатро таъмин мекунад, ба некӯҳолии мардум ва рушди ҷамъият мусоидат менамояд.
Шуҳрат ИСМОИЛОВ, мудири кафедраи ҳуқуқи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
ӮзА.