Дар вилояти Сурхондарё коллеҷи сайёҳӣ ва хидматрасонии Бойсун талабагони нахустини худро қабул кард.
Дар вилояти Сурхондарё коллеҷи сайёҳӣ ва хидматрасонии Бойсун талабагони нахустини худро қабул кард.
Солҳои охир сайёҳӣ дар воҳаи ҷануб низ ба самтҳои пешқадами иқтисодиёт табдил ёфта, сайёҳони кишварҳои гуногунро ба оғӯши худ даъват менамояд. Обидаҳои қадимаи таърихӣ, ёдгориҳои археологии нодир, манзараҳои табиат, урфу одат ва анъанаҳои гуногуни мардуми ин сарзамин диққати меҳмонон – ташрифоварандагонро ба худ ҷалб мекунад. Онҳо аз оби шифобахши чашма баҳраманд гардида, аз истироҳат дар оғӯши табиати зебо шод мешаванд. Дар вилоят самтҳои сайёҳии зиёратӣ, экологӣ, тиббӣ, гастрономӣ ва ғайра рушд мекунад. Маҷмаъҳои Ҳаким ат-Тирмизӣ, Исо Тирмизӣ, Султон Саодат, ёдгориҳои археологии Қаротеппа, Фаёзтеппа, Далварзин, обҳои шифобахши Амонхона, Хӯҷаипок, Хӯҷаиконтуз, шаршараи Сангардак, гӯшаҳои зебо ва хушманзараи кӯҳпояҳои Ҳисор ҳамеша аз сайёҳон пуранд.
Ҳудуде, ки он ҷо сайёҳӣ рушд мекунад, ба мутахассисони баландмалака ниёз дорад. Аз ин рӯ, дар коллеҷи навташкилшудаи Бойсун дар 8 самт тайёр кардани мутахассисон ба нақша гирифта шудааст.
– Алҳол қабул ба муассисаи таълимии мо аз тариқи электронӣ давом дорад, –мегӯяд директори коллеҷи мазкур Баҳриддин Раупов. – Ҷавонон бештар ба самтҳои сайёҳӣ, ташкил ва идоракунии хоҷагии меҳмонхона, хидматрасонии хӯрокхӯрии умумӣ, муҳандиси хоҷагии ҷангал таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Барои таълиму азхудкунии сирри касби интихобкардаи талабагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Толибилмоне, ки аз ҳудуди дуртар меоянд, бо хобгоҳ таъмин шудаанд.
Имрӯзҳо пандемияи коронавирус тамоми дунёро фаро гирифтааст. Он соли ҷорӣ ба соҳаи сайёҳӣ низ зарари ҷиддӣ расонд. Аз ин рӯ, соҳа рӯ ба вартаи инқироз овард.
Дар кишвари мо соҳаи туризм ва корхонаҳои марбути он аз ҷониби давлат дастгирӣ шуда, истиқболи ояндаи онҳо муайян гардидаанд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ таҳсил гирифтани талабагони соли аввали коллеҷи мазкур далели равшани дастгирии ояндаи соҳа мебошад. Тавре ки аз идораи ҳудудии Кумитаи давлатии рушди сайёҳии вилоят маълум кардаанд, ҷавононе, ки ин коллеҷро бомуваффақият хатм менамоянд, аз рӯйи ихтисоси худ бо кор таъмин мегарданд.
Х. МАМАТРАЙИМОВ,
ӮзА.