КОМАНДАИ ФУТБОЛИ «БУХОРО» – БОЗ ДАР СУПЕРЛИГА

Маълум аст, ки клуби футболи «Бухоро» дар мавсими соли 2020 суперлигаро тарк карда буд.

Соли гузашта азму кӯшишу чорабиниҳо  бобати боз ба лигаи олӣ баргаштан, аз ҷумла чор бор иваз гардидани сармураббӣ натиҷа надод.  Имсол бошад, ба «Бухоро» сартренер таъин гардидани Ҳаким Фузайлов, ки ӯро мухлисони футбол аз давраи ҳимоятгари командаи «Помир»-и Душанбе буданаш инҷониб медонанд, ба дили мухлисон шарораҳои умед бедор кард. 
Зеро бо шарофати вай соли гузашта командаи «Динамо»-и Самарқанд ба суперлига баромад. Бо вуҷуди ин, ба суперлига баровардани «Бухоро» кори осон набуд, чунки командаҳои «Андиҷон», «Турон» ва «Машъал», ки соли гузашта ба пролига афтода буданд, баҳри барқароркунии мавқеи аввалаашон табиист, ки ба рақибони «эшелони як зина поён» «сар фаровардан» намехостанд. Аз ин рӯ, чораю тадбирҳои андешидаи сармураббии нав аз ҷумла аз «Динамо» даъват шудани баъзе шогирдон то миёнаҳои мавсим самараи дилхоҳ надод. Ҳатто дар қувваозмоиҳо бо командаҳои миёнаҳол дастболо шуда натавонистани «Бухоро» мухлисонашро ранҷонд ва устоди команда ба фикри истеъфоравӣ афтод. Мувофиқи таклифи маъмурият ба команда ҷалб шудани ҷавонони умедбахш аз дигар командаҳо, сахтгирию навҷӯиҳо дар ҷараёни тайёрӣ, азму кӯшиши матин то охири бозӣ, оқибат ноилшавӣ ба якдигарфаҳмӣ ҳангоми мусобиқа барин омилҳо бесамар намонданд. «Бухоро» зина ба зина пеш рафт. Гуфтан ҷоиз аст, ки «Андиҷон» пеш аз мӯҳлат ба суперлига баромад. Мубориза барои роҳхати дуюм торафт шиддат гирифт. Ниҳоят, тақдири роҳхати дуюмро вохӯрии охирин дар Хоразм байни «Хоразм» ва «Бухоро» ҳал кард. Якрангии бозӣ (2:2) имконият дод, ки миқдори холҳои «Бухоро» бо «Турон» баробар – 50 холӣ шавад. Аммо мувофиқи қоида дар давоми мавсим дар чор бозии байни «Бухоро»-ю «Турон» ду бор ғолиб омадани бухороиён (ғалабаи «Турон» 1- то, як бозӣ якранг анҷом ёфтааст) онҳоро соҳиби роҳхати дуюм гардонд.
Масъалаи ба суперлига баромадан ё набаромадани яйпаниҳо – «Турон» дар натиҷаи вохӯрии онҳо бо «Локомотив»-и Тошканд  25 ноябр муайян гардид. Ин қувваозмоӣ бо ҳисоби 2:1 бо ғалабаи яйпаниҳо поён ёфта, «Турон»-ро ба суперлига бароварду «Локомотив»-ро ба пролига фуровард.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: