Комбинати маъдани куҳии Олмалиқ лоиҳаи арзишаш 4 миллиарду 894 миллион долларро татбиқ мекунад

Президент Шавкат Мирзиёев 29 июл аз кони "Ёшлик-1"-и Комбинати маъдани куҳии Олмалиқ боздид кард.

Президент Шавкат Мирзиёев 29 июл аз кони "Ёшлик-1"-и Комбинати маъдани куҳии Олмалиқ боздид кард.

Комбинати маъданӣ куҳии Олмалиқ маҷмӯи азими истеҳсолӣ мебошад, ки конҳои кушода ва пӯшида, заводҳои металлургӣ ва семент, инфрасохтори васеи истихроҷ ва коркардро муттаҳид кардааст. Ба ҳиссаи ин корхона 7 фоизи маҳсулоти саноатӣ ва 15 фоизи содироти кишвари мо рост меояд. Дар натиҷаи таваҷҷӯҳи солҳои охир конҳои нав кашф ва истеҳсолот зиёд шуданд.

Дар байни онҳо майдони "Ёшлик-1" низ ҳаст, ки барои коркарди он лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши 4 миллиарду 894 миллион доллар, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 марти соли 2017 оғоз шудааст, татбиқ мегардад.

Зимни шиносоӣ ба сарвари давлат дар бораи иқтидори кон ва корҳое, ки оид ба азхудкунии  он анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд.

Аз кони масоҳаташ 11 ҳазор гектар дар як сол 65 миллион тонна маъдан истихроҷ карда мешавад. Бунёди фабрикаи сеюми тозакунии миси иқтидори коркарди 60 миллион тонна маъдани мис-молибден ба нақша гирифта шудааст. Инчунин заводи оҳак, системаи энергетикии 650 мегаватт ва дигар иншооти инфрасохторӣ низ бунёд карда мешаванд.

Дар давоми чор соли охир дар доираи лоиҳа таҳқиқоти муосири геологӣ ва кандани зиёда аз 83 миллион метри мукааб хок анҷом дода шудааст. Ба маблағи 415 миллион доллар беш аз 570 мошини махсус ҷалб карда шуд.

Ба кор даровардани ин лоиҳаи азим дар соли 2024 пешбинӣ шудааст ва дар маҷмӯъ 6000 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: