КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА АЗ ФАРҒОНА БОЗДИД КАРД

Ба муносибати «Рӯзи дӯстии халқҳо» Комиссари олии ақаллиятҳои миллии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Қайрат Абдураҳмонов, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қурбонов ба вилояти Фарғона ташриф оварданд.

Онҳо бо фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, воқеъ дар хонаи «Дӯстӣ» ошно шуданд.
Онҳоро муовинони ҳокими вилоят Ҷамшед Ҳотамов ва Хуршед Аҳмедов ҳамроҳӣ карданд. Меҳмонон аз шароите, ки барои марказҳои миллӣ-фарҳангии ақвоми гуногун, мисли яҳудӣ, тотор, қирғиз, корейс, тоҷик, немис, турк  фароҳам оварда шудааст, ибрози хушҳолӣ карданд. Иҷрои суруду таронаҳои миллатҳои гуногун, анъана ва арзишҳои миллӣ дар онҳо таассуроти зиёд бахшид. Бори дигар собит гардид, ки дар вилояти Фарғона, ки дар он қариб 4 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ҳудуди 400 ҳазор нафари онҳо намояндагони қавму миллат ва халқиятҳои гуногун буда, бо ҳам дар фазои амну субот зиндагӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарвари давлатамон ба марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дастгирии моддию маънавии онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Ба меҳмонон дар бораи корҳое, ки дар самти таҳкими заминаи моддию техникии марказҳо дар вилояти Фарғона анҷом дода мешаванд, маълумоти муфассал дода шуд.
Қайрат Абдураҳмонов гуфт, ки бори аввал ба ин минтақа сафар кардааст. Ва аз дидани шароит барои намояндагони миллатҳои гуногун хеле табъаш болида шуд. Гузашта аз ин, корҳои таъмиру муҷаҳҳазкунии бинои нав барои марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоят дар ҳоле ба анҷом мерасад, ки кишварҳои зиёди ҷаҳон ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳанд. 
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси ҳокими вилоят корҳои бозсозии собиқ қасри фарҳанги «Нефтчӣ» бо суръат пеш меравад. Ин иншоот дар ояндаи наздик ба ихтиёри марказҳои миллӣ-фарҳангӣ супурда хоҳад шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: