Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон: ОСОРХОНАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ БА НОМИ И.В.САВИТСКИЙ ХЕЛЕ ЗЕБОСТ, ОН ЛУВР ДАР БАЙНИ САҲРО АСТ

Хидмати хабарии СММ маводи иттилоотӣ ва видеоиро таҳти унвони боздиди «Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон аз «Лувр дар байни саҳро»-и воқеъ дар Ӯзбекистон интишор намуд.

Дар мақола қайд мегардад, ки бинобар даъвати ҷониби Ӯзбекистон Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Фолкер Тюрк 13 март ба Ӯзбекистон сафар кард. 
Тавре ки сомона хабар медиҳад, дар доираи ташриф ҳайати СММ аз Нуқус боздид ба амал оварда, бо намояндагони ҳукумат, созмонҳои шаҳрвандӣ ва куҳансолони маҳаллӣ мулоқот намуд. Комиссари олии оид ба ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин дар чорабинии бахшида ба 75-умин солгарди имзо шудани Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон, ки дар Осорхонаи давлатии санъати ба номи И. В. Савитский ба амал омад, суханронӣ кард. 
Дар гузориши худ Фолкер Тюрк оид ба Осорхонаи Савитский чунин изҳор дошт: «Он осорхонаи бағоят зебост, гӯё Лувр дар байни саҳрост. Бисёр рассомоне, ки асарҳояшон дар ин ҷо ҳаст, табъид ва ҳабс гардида, дар замони шӯравӣ бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳуқуқи фарҳангӣ барои ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ хеле муҳим мебошад, моро зарур аст, ки воқеан хотираи онҳоро азиз дорем».

АИ «Дунё»,
шаҳри ЖЕНЕВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: