Комиссияи ИМА пешрафти Ӯзбекистонро бинобар таъмин сохтани озодиҳои динӣ табрик мекунад

Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳобов бо роҳбарияти Комиссияи ИМА оид ба озодии байналхалқии динӣ (USCIRF) мулоқот кард.

Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳобов бо роҳбарияти Комиссияи ИМА оид ба озодии байналхалқии динӣ (USCIRF) мулоқот кард. USCIRF – мақомоти мустақили машваратии ҳукумати ИМА ба шумор рафта, соли 1998 дар пояи дуҳизбӣ мувофиқи Ҳуҷҷат дар бораи озодии байналхалқии динӣ (IRFA)  таъсис ёфтааст. Комиссия бинобар риояи ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ ва эътиқод дар олам мониторинг баргузор мекунад ва бобати сиёсат дар соҳаи мазкур ба Президент, Котиби давлатӣ ва Конгресси ИМА тавсияҳо медиҳад. Дар маърӯзаҳои ҳарсолаи худ Комиссия ба Департаменти давлатӣ пешниҳод менамояд, ки ин ё он мамлакатро ба табақаи «кишваре, ки боиси ташвиши махсус (CRC) дар соҳаи озодии динӣ мебошад, ё худ ба «рӯихати махсуси таҳти муоина» дохил намояд.

 

Дар мулоқот комиссионерҳо Надин Маэнза ва Нури Туркел, ҳамчунин сармуҳаққиқи USCIRF  Келли Бэйкен иштирок карданд.
Навгониҳои асосӣ дар лоиҳаи қонун оид ба озодии виҷдони созмонҳои динӣ, ҳамчунин корҳое, ки дар Ӯзбекистон бинобар соддакунии тартиби бақайдгирӣ ва кори созмонҳои динӣ, декриминализатсия ва дерадикализатсияи ашхосе, ки пештар барои иштирокашон дар ташкилотҳои манъшуда маҳкум шудаанд, мавзӯи гуфтушунидҳо қарор гирифтанд.
Намояндагони Комиссия пешрафти Ӯзбекистонро бинобар таъмин сохтани озодиҳои динӣ, барӯихатгирии созмонҳои динӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайриисломӣ, ҳамчунин озод карда шудани шахсоне, ки пештар барои иштирокашон дар экстремизми динӣ айбдор карда шуда буданд, баланд арзёбӣ карданд. Бомуваффақият татбиқ гардидани панҷ амалиёти башардӯстонаи «Меҳр» аз ҷониби Ӯзбекистон, ки боиси аз минтақаҳои зиддиятҳои яроқнок ба Ватан баргаштани зиёда аз 530 занону кӯдакон гардид, махсус таъкид шуд. Комиссионерҳо афзалиятҳои кори роҳбарияти мамлакатро бобати ҳифзи онҳое, ки ба вазъияти мураккаб афтодаанд, соддатар кардани реабилитатсия ва реинтегратсияи ҳарчи зудтари онҳо дар ҷомеа таъкид сохтанд.
Комиссионерҳо нақшаи моҳи декабр баргузор кардани анҷумани байналхалқии «Мулоқоти баённомаҳо»-ро дастгирӣ намуданд ва муҳимияти бинобар натиҷаи конфронс қабул гардидани «Баённомаи Бухоро»-ро бо сабти равандҳои модели хоси ӯзбекистонии пешбурди озодиҳои динӣ ва аксуламал ба радикализатсия, аз ҳама муҳимаш, аз тариқи маърифат қайд карданд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2020-ум Комиссия дар маърӯзаи ҳарсолаи худ бори аввал дар тӯли 15 сол ба Департаменти давлатии ИМА барои Ӯзбекистонро ба рӯихати кишварҳое, ки дар соҳаи озодиҳои динӣ боиси ташвиши махсус мебошанд, даровардан тавсия надод. Моҳи декабри соли гузашта Котиби давлатии ИМА Ӯзбекистонро аз рӯихати кишварҳое, ки вайронкунандагони озодии эътиқоди динӣ мебошанд, хориҷ кард.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: