Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ қоидаҳои нави вуруд ба Ӯзбекистонро ҷорӣ кард

Бо қарори комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ аз 15 январи соли 2022 тартиби зеин ҷорӣ карда мешавад:

- шахсоне, ки аз давлатҳои хориҷӣ омадаанд,  бояд бо худ маълумотномаи натиҷаи мусбати тести ПТР-ро барои сирояти коронавирус на кам аз 48 соати то омадан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дошта бошад;

- дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи манфии ПТР барои сирояти коронавирус, бояд дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз экспресс-озмоиш барои сирояти коронавирус гузаранд.

- Ба вазоратҳо, идораҳо ва сохторҳои дигари давлатӣ ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ташкил намудани чорабиниҳои гуногун манъ карда мешавад.

- Чунин тадбирҳо бо мақсади таъмини саломатии аҳолӣ дар шароити маҳдудиятҳои карантинӣ ва нигоҳ доштани суботи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар андешида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: