Комёбии ғаллакорони вилояти Бухоро

Хабари хуш болу пар дорад. Рӯзи иди касбии кормандони матбуот ва ВАО дар Бухоро ҳокими вилоят Б. Зарипов кормандони соҳаро муборакбод намуда, хабар дод, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят нақшаи шартномавии ба давлат супоридани ғалларо бо муваффақият ба сомон расонданд.

Хабари хуш болу пар дорад. Рӯзи иди касбии кормандони  матбуот ва ВАО дар Бухоро ҳокими вилоят Б. Зарипов кормандони соҳаро муборакбод намуда, хабар дод, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят нақшаи шартномавии ба давлат супоридани ғалларо бо муваффақият ба сомон расонданд. Ҳозирон ин муждаро бо чапакзаниҳо пешвоз гирифтанд. 
Ғаллакорони пуртаҷриба ба давлат 140 ҳазору 72 тонна гандум супориданд, ки 15 ҳазору 100 тоннаи онро ғаллаи тухмӣ ташкил мекунад. Албатта, ин комёбӣ самараи меҳнати пай дар пайи оқилона, беоромиҳои татбиқи таҷрибаи бисёрсолаю риояи қоидаҳои агротехникӣ, азму кӯшиш ва мубориза ба муқобили инҷиқиҳои табиату ҳашароти зараррасон аст. Кишти саривақтӣ, озуқадиҳию обёрии бамаврид, маҳвсозии алафҳои бегона барин ҷараёнҳои корӣ имконият дод, ки ҳосили пешбинишуда  фароҳам ояд. Муҳимаш  тайёрии оқилона ба мавсими  дарав, омодасозии техникаи  ҳосилғундорӣ, ҳавасмандгардонии иштироккунандагони маъракаи ҷамъоварии ғалла барин омилҳо боиси комёбӣ гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки имсол 2 ҳазору 932-то хоҷагии фермерии вилоят дар 60 ҳазору 600 гектар майдон гандуми навъҳои «Старшина», «Алексеевич», «Гром», «Первитса», «Рапсодия» коштанд. Аз ҷумла, дар бештар аз 22 ҳазору 800 гектар майдон ҷараёни ғаллакорӣ баъди ғундоштани ҳосили пахта охирҳои фасли тирамоҳ  сурат гирифт. Бо ташаббуси Президенти мамлакат дар соҳаи ғаллапарварӣ татбиқ ёфтани усули кластер боиси афзудани манфиатдории деҳқонон мегардад. Ҳоло дар 12 ҳазор гектар киштзори вилоят  9-то кластери ғаллапарварӣ созмон ёфта, ба онҳо 3,8 ҳазор гектар майдон бевосита ҷудо гашта, онҳо 8,1 ҳазор гектар ғаллазор доранд ва ба 508 хоҷагии фермерӣ вобаста карда шудаанд.
Ташкил ёфтани отрядҳо ҳангоми дарав судовар гардид. 205-то комбайни сермаҳсули «Саse», «Class», «Class Dominator», «Nyu Holland», «Viktor», 955 техникаи боркашон, 73 автомобили таъмини сӯзишворӣ ва хидматрасонӣ  самаранокии корро таъмин кард. Ба комёбии вилоят саҳми деҳқонон – хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Қаровулбозор, Олот, Рометан, Вобканд, Қарокӯл, Пешкӯ ва Шофиркон муносиб шуд. Аз ҷумла, хоҷагиҳои фермерии «Фазо БЗШ», « Ҳайдарполвон замини», «Истиқлол», Аҳтам Даврон» аз ноҳияи Қаровулбозор, «Наҷим Тошобод», «Заҳро юлдузи», «Янгикент олтин замини» аз ноҳияи Вобканд, «Зафар», «Суннат», «Асад Полвон» аз ноҳияи Рометан, «Бойли бобо», «Муҳаммадалӣ Ҳасанов», «Қораун» аз ноҳияи Қарокӯл, «Шариф Эргаш диёри», « Облоқул Камолиддин ӯғли», «Варахша нурли замини» аз ноҳияи Пешкӯ ва дигарон ҳосилнокии майдонҳоро камаш ба 65 сентнерӣ мерасонанд. Мувофиқи маълумоти садорати хоҷагии қишлоқи вилоят хароҷоти барои ҳар як гектар ғалла сарфшуда 7 миллион сӯмро ташкил карда, даромад ба 11 миллион сӯм мерасад. Бинобар пешгӯиҳои мутахассисон даромади софи ғаллакорони вилоят камаш ба 200 миллиард сӯм рост меояд.
Дар 49 ҳазор гектар қитъаи аз ҳосил холигашта кишти такрорӣ сурат гирифта, ба оилаҳои имконияти коридоштаи шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» аз 0,25 сотих то 1 гектар замин дода мешавад. Дар вилоят ҷараёни ҳосилғундорӣ идома дорад ва  барои ба 360 ҳазор тонна расондани истеҳсоли гандум имконият фароҳам оварда шудааст.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: