Комёбии ғаллапарварони ноҳияи Қаровулбозор

Деҳқонони асили ноҳия фасли тирамоҳ дар 5 ҳазору 525 гектар майдон гандум корида, парвариши онро дар асоси таҷрибаи чандинсола мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, ҳосили мӯл рӯёнданд.

Деҳқонони асили ноҳия фасли тирамоҳ дар 5 ҳазору 525 гектар майдон гандум корида, парвариши онро дар асоси таҷрибаи чандинсола мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, ҳосили мӯл рӯёнданд.
Баъди як ҳафтаи мавсими дарав ба давлат 10 ҳазору 638 тонна ғалла супорида шуд. Дар натиҷа нақшаи шартномавии солона бо муваффақият ба сомон расид. Ба ин комёбӣ 154 хоҷагиҳои фермерие, ки дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Ҷарқоқ»,  «Навбаҳор», «Бӯзачӣ» фаъолият доранд, саҳми арзанда гузоштанд. Аз ҷумла хоҷагиҳои фермерии «Истиқлол» (роҳбараш Ҳасан Рӯзиев), «ФазоБЗШ» (сардораш Бахтиёр Бобоқулов), «Бӯзачӣ» (сарвараш Мурод Исмоилов), «Аҳтам Даврон» (роҳбараш Аҳтам Давронов), «Самандар-Араб» (роҳбараш Саид Турдиев), «Мелс Лазизбек» (сардораш Анвар Темиров), «Замир Амон» (сарвараш Воҳид Икромов), «Истам Сафар замини» (роҳбараш Темур Сафаров), «Сардор Облоқулов» (сардораш Содиқ Облоқулов), «Сардор Қаровулбозор» (роҳбараш Суннатулло Бозоров)-и ин ҳудудҳо нақшаи солонаи худро бештар аз 110 фоиз иҷро карданд.
Ба ғунучини ҳосил 54 комбайн самаранок иштирок намуда, боиси комёбӣ гардиданд. Ҳоло дар қисми зиёди майдонҳо дарав сар нашудааст. Пешакӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна ба 55 сентнерӣ мерасад. Дар заминҳои аз дону коҳ холишуда бо мақсади бо шуғл фарогирии бекорон ва талабгорон кишти такрорӣ ба амал меояд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: