КОМЁБИИ АРДАШЕР

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик Ардашери Пайванд (писари хурдии журналисти шинохта, шодравон Пайванди Гулмуродзода) бо номи «Зани рӯин» ба барномаҳои Ҷашнвораҳои байналмилалии филмҳои Торонто (Toronto international Women Film Festival-Konodo) ва Ҷашнвораи минтақавии «Cinema Love» (Ӯзбекистон) шомил гардид.

Ардашери Пайванд аз зумраи ҷавонони боистеъдод ва умедбахши тоҷик аст. Ӯ факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар бахши сомонаи радио кор мекунад. Баробари ин маъмури як саҳифаи интернетӣ низ ҳаст. Ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ ба аксу наворбардорӣ майлу рағбат дошт. Замоне усули «аксгирӣ бо смартфон»-ро аз худ намуд. Коргардони ҷавон дар «Мактаби мустанадсозӣ» таҳсил гирифтааст. Соли гузашта дар як озмуни аксбардории бахшида ба шаҳри Душанбе дар байни иштирокдорони зиёд ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид. 
«Зани рӯин» нахустин филми мустанади ӯст. Ин филм аз ҳаёти як  зани қавииродаи иҷоранишин, ки сокини Душанбе ва ногирои гурӯҳи дуюм мебошад, ҳикоя мекунад. 
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли сипаригардида дар Ҷашнвораи «Media CAMP», ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, Ардашер бо ин филми худ ширкат варзид.
«Зани рӯин» моҳи декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе низ ба намоиш гузошта шудааст. 
Пешбинӣ мегардад, ки он рӯзҳои 6-11-уми июни соли ҷорӣ дар доираи Ҷашнвораи минтақавии «Cinema Love» дар шаҳри Тошканд ба маърази тамошо гузошта шавад. Дар ин ҷашнвораи синамо бояд  9 филми мустанад ва 16 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намоиш дода шаванд.
Коргардони ҷавон Ардашери Пайванд бо гурӯҳи хурди эҷодии худ  наворбардор-таҳиягар Наврӯз Саидов, садобардор Ҳомидҷон Ҳомидов, таҳиякунанда Фирдавс Насруллоев ва коргардони садо Хуршед Нуров барои дарёфти муваффақияту комёбиҳо талош доранд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: