Кирмакпарварони ҳимматбаланди вилояти Бухоро дар мамлакат аввалин шуда нақшаи шартномавии пилласупориро иҷро карданд.
Боиси хурсандист, ки дар вилоят мактаби таҷрибаи пешқадами истеҳсоли пилла ташаккул ёфтааст. Бо вуҷуди инҷиқиҳои табиат, пай дар пай боридани борон, шамоли ғайриодӣ кирмакпарварони диловар ба марраи мурод расиданд.
Дар давоми мавсими имсола кирмакпарварони пуртаҷриба ва 5-то кластери пиллаистеҳсолкунӣ бо парвариши оқилонаи 48 ҳазору 877 қуттӣ кирмак машғул шуда, ба ҷои 3 ҳазору 143 тонна 3 ҳазору 158 тонна ашёи хоми гаронбаҳои саноатӣ ба даст дароварданд. Ин ба 100,5 фоизи нақшаи солона баробар аст. Дар ҷараёни кор 119 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуда, 130 миллиард сӯм даромад дид.
Аввали мавсим кластерҳо ҳангоми тақсимоти тухмӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ба кирмакпарварон 24,4 миллиард сӯм маблағи пешакӣ дод. Ба ибораи дигар звено – оилаҳо барои ҳар як қуттии тухмӣ 500 ҳазор сӯмӣ пул гирифтанд.
Дар арафаи мавсим аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Buxoro Silk servis» дар ноҳияи Бухоро 3543 қуттӣ, аз тарафи «Gijduvon ipak tola» дар ноҳияи Шофиркон 3429 қуттӣ, дар ноҳияи Ғиждувон 8100 қуттӣ, аз ҷониби «Kumushkent ipagi» дар ноҳияи Вобканд 4906 қуттӣ, дар ноҳияи Когон 2645 қуттӣ, аз тарафи «Jmastur» дар ноҳияи Пешкӯ 2720 қуттӣ, аз ҷониби «Romstar» дар ноҳияи Ҷондор 5959 қуттӣ, дар ноҳияи Рометан 3585 қуттӣ, дар ноҳияи Олот 3429 қуттӣ, дар ноҳияи Қарокӯл 4682 қуттӣ тухми абрешиим дар инкубаторҳо ба ҷунбиш оварда шуд. Ба кирмакпарварон саривақт дастрас шудани воситаҳои зарурӣ аз қабили коғаз, термометр, формалин, психометр, бӯз боиси комёбӣ гардид.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии пешқадамон созмонёбии мукофотҳо, ба онҳое, ки нақшаро барзиёд иҷро кардаанд, барои ҳар килограми зиёдатӣ 50 ҳазор сӯмӣ дода шудани маблағи иловагӣ ба мақсад мувофиқ омад. Ба комёбии вилоят ноҳияҳои Шофиркон, Рометан, Ғиждувон, Пешкӯ, Бухоро, Олот саҳми арзанда гузоштанд. Ҳамин тариқа саҳми ҳудудҳои Халқобод, Челонғу, Боғитуркон аз ноҳияи Рометан, Мазлахон чандир, Боғиафзал, Деҳнав, Искогар аз ноҳияи Шофиркон, Кумушкент, Қӯнғирот, Халас, Янгикент аз ноҳияи Вобканд, Қозон, Қораҳоҷӣ, Сайёд, Қораун аз ноҳияи Қарокӯл, Зандане, Қалъаи Миришкор, Дӯстлик, Туркистон аз ноҳияи Пешкӯ, Баҳористон, Деҳнав, Давлатобод аз ноҳияи Олот, Янги турмуш, Сӯфикоргар, Қавола Маҳмуд, Работиқалмоқ аз ноҳияи Бухоро ва дигарон низ назаррас гардид.
Соли гузашта хирмани абрешими вилоят 2716 тоннаро ташкил карда бошад, имсол он ба 442 тонна афзудааст. Боэътимодии захираи озуқа омили муҳими комёбиҳост. Аз ин рӯ дар вилоят бобати зиёдтар намудани дарахтони тут чораю тадбирҳои зарурӣ дида мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки дар вилоят солҳои 2023-2024 31,6 миллион бех дарахти тут шинонда, парвариш карда шавад.
То охири сол ба андозаи 10,4 миллион доллари ИМА ба содирот баровардани ашёи хоми имсола ба нақша даромадааст. Мутахассисон гувоҳӣ медиҳанд, ки аз 1 тонна пилла 350 кг нахи абрешим ба даст меояд, Аз ин 20 ҳазор метр адрас, 13 ҳазор метр атлас ва маҳсулоти дигар гирифтан мумкин аст. Рушд ёфтани соҳа боиси афзудани ҷойҳои нави корист. Ҳоло дар корхонаҳои «Рометар», «Кумушкент ипаги», «Ғиждувон ипак тола» ва ғайра бо коркарди нахҳои абрешимӣ газвори абрешимӣ (шоҳӣ) истеҳсол мегардад. Ин ҷо истеҳсоли матои атласу адрас низ аз худ мегардад.
Дар «Buxoro Silk servis» бо ташкил ёфтани фабрикаи трикотаж кор мувофиқи тамоюли «аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр» сурат мегирад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.