Комёбии муҳаққиқони ҷавон

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Аз ҷумла, дар факултаи филология дар қатори масоили дигар, тадқиқу баррасии паҳлӯҳои умдаи соҳаи забон ва адабиёти тоҷик низ хуб ба роҳ монда шудааст. Раванди дифои кори илмии донишҷӯёни зинаи магистратура исботи ин гуфтаҳо мебошад. 
Магистрҳо Азиза Шукурова дар мавзӯи «Таҳлили лексикӣ – семантикии вижагиҳои мардумшиносӣ дар гӯйиши тоҷикони ноҳияи Сариосиё», Ҷаҳонгир Нуруллоев дар мавзӯи «Тарзи таълими воҳидҳои наҳвӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ», Шералӣ Шавкатзода – “Мавқеи Насируддини Тӯсӣ дар таҳаввули илмӣ бадеъ», Лола Ҳасанова – «Лексикаи бинокорӣ дар гӯйиши тоҷикони Самарқанд» корҳои илмии худро баррасӣ карданд. 
– Мо комёбии худро самараи меҳнати устодоне, ки ба мо сабақ омӯзондаанд, меҳисобем ва аз онон хеле сипосгузорем.  Дар оянда мекӯшем, ки корҳои илмии худро идома дода, баҳри пешравии самти филологияи тоҷик саҳми сазовор гузорем, – гуфт Азиза Шукурова.

Асалой САРХАТЗОДА, 
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: