КОМЁБИИ НАВБАТИИ ШАҲРОМ

Муштзани бухороӣ Шаҳром Ғиёсов ба қарибӣ дар Лас-Вегаси ИМА дар низоми бокси касбӣ дар вазни нав қувваозмоии аввалини худро гузаронд.

Ин дафъа вай бо рақиби мексикагии худ Кристиан Гомес ба ринг баромад. Муҳорибаи онҳо 10 раунд идома ёфт. Бояд таъкид намуд, ки Шаҳром дар қисмҳои чорум, ҳафтум ва даҳум рақиби худро ба ҳолати нокдаун оварда, болодастӣ кард. Ҳамин тариқ, вай бинобар холҳо ғолиб баромад ва дар вазни 66,6 килограмм – IBF соҳиби камарбанди чемпионати кушоди Амрикои Шимолӣ гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин ғалабаи  сездаҳумини Шаҳром дар бокси касбӣ буда, нӯҳтои ин қувваозмоӣ бо накаут анҷом ёфтааст.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: