КОМЁБИИ НАЗАРРАСИ ОЛИМИ ҶАВОН

Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз... (Низомии Ганҷавӣ)

Илм дар  хурдсолӣ нақш дар  санг аст, ки ҳаргиз зудуда нахоҳад шуд. Ҷовид Раҳмонов  ҳанӯз овони мактабхонӣ ибораи мазкурро шояд шиори  пешрафти  худ қарор дода буд.
Ҷавони  ботамкин  ҳар як супоришоти  устодонро сари вақт иҷро намуда, байни ҳамсабақон куллан  фарқ  мекард. Нисбати фанҳои физика, математика меҳри беандоза дошт. Пас аз хатми мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти  Навоӣ таҳсили худро дар коллеҷи  маъданшиносии шаҳри  Навоӣ идома  дод. Мактаби  миёнаро, ки бо забони модарӣ ба итмом расонида буд, омӯхтани фанҳои дақиқ бо забони ӯзбекӣ  душвориҳо низ овард. Аз  душвориҳо наҳаросида, пайваста омӯхт. Зеро: 
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, 
Донистани   сад   забон  осон  гардад.  

Дар  чандин озмунҳои ҷумҳурӣ ғолибиро ба даст даровард. Устодон аз чунин шогирд мефахриданд. Баробари фанҳои  ҳаррӯза омӯхтани  забони англисиро ба худ қарор кард.
Соли  2007 бо як сарбаландӣ, донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии техникии   Тошканд,  шӯъбаи  «Механикаи мошинсозӣ» гардид. Беҳуда нагуфтаанд, мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз. Падараш  Ӯзбакбой Раҳмонов донандаи хуби фанни таърих, омӯзгори варзида, ҳамчун  «олими беунвон»  байни мардуми ҷомеа шӯҳрат дорад, устоди аввалини ӯст. Аллакай овони донишҷӯӣ мақолаҳои илмии Ҷовид  Раҳмонов дар рӯзнома, маҷаллаҳои илмии кишвар ба мисли «Техника юлдузлари» ва хориҷӣ пайваста нашр мегарданд. Бо маърӯзаҳои худ дар конференсияҳои байналхалқӣ  устодон  ва ҳамсабақонро дар ҳайрат гузошт. Аз ин рӯ ӯро ба гирифтани стипендияи  Берунӣ лоиқ  донистанд. Дертар ба гирифтани стипендияи корпоратсияи Ҷопон низ мушарраф гашт. Соли 2010 пас  аз  хатми  донишгоҳ бо имтиёз ба магистратура қабул гардид. Барои боз ҳам мустаҳкам гардонидани донишҳои назарӣ ва амалии худ  ба муддати шаш моҳ  дар Донишгоҳи техникии Берлин таҳсил намуд. Соли 2012  фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи  «GM  Powertroin   Uzbekistan»-и  Тошканд  ҳамчун  муҳандиси қолибрез оғоз намуд. Дар ҷараёни меҳнат низ  ҷустуҷӯҳои илмии худро идома дод, ғояҳои нав — илҳоми нав мебахшид. Баробари зиёд намудани таҷриба аз навгониҳои илми дунё мунтазам хабардор мегашт. Соли 2014 соҳиби гранти барномаи  «Erasmus  Mundus»-и  Иттифоқи Аврупо гардида, докторанти Донишгоҳи Падуаи Италия гашт. Ҷараёни  таълим  дар конференсияҳои  Лондон, Мадрид, Венетсия  ба забони англисӣ маърӯза намуда, дар маҷаллаҳои хориҷӣ мақолаҳои илмиашро чоп намуд. Кори илмии худ , «металшиносӣ»-ро  сайқал дод. Ба ҳама аён аст, ки  саноати автомобилсозӣ дар Италия дар мадди аввал меистад. Двигателҳои мошинҳо, самолётҳо одатан аз чӯян, пӯлод ва омехтаи дигар металлҳо сохта мешаванд. Ба кор даровардани чунин двигателҳо вақт  ва сӯзишвории бисёрро талаб менамояд. Тадқиқоти илмие, ки Ҷовид Раҳмонов ҳимоя намуд, ҷои металлҳои вазнин, нисбати хӯлаҳои алюминӣ элементи нави мустаҳкамро пешниҳод намуд. Истифодаи ин гуна метали сабук дар техника боиси кам харҷ гаштани сӯзишворӣ ва безарарии моддаҳои заҳрнок нисбати муҳити атроф мегардад. Хӯлаи детали нав  ҳангоми коркард ба ҳарорати баланд тобовар буда, хусусияти механикии худро гум нахоҳад кард. Ин  таҷриба  дар корхонаи машҳури  «Fiat»-и  Италия, корхонаи деталсозии «Tensid» аз санҷиш гузашта  истодааст.
Ҳоло Ҷовид Раҳмонов  дар шуъбаи энерго-механикаи Институти маъданшиносии  Навоӣ  вазифаи омӯзгориро  ба ӯҳда дорад. Чанде пеш бо  усули онлайн  диссертатсияи докториро дар 31-солагӣ ҳимоя намуд.
Дотсенти кафедраи  «Технологияи  мошинсозӣ»-и  шӯъбаи  энерго-механикаи Институти маъданшиносии  Навоӣ  Ҳ. Аҳмедов  чунин иброз дорад:  –  Пайваста илм омӯхтан, ҷустуҷӯи Ҷовид Раҳмонов  зоеъ  нарафт. Ӯ акнун доктори  фанҳои техникӣ аст, ки то ҳол ягон кори илмӣ то ба ин дараҷа ба муваффақияти баланд ноил нагаштааст. Ин воқеа  дар таърихи вилоятамон дастоварди беҳамто аст.
Зимни мулоқотҳо аз  муносибати ҳамзабонон дили кас гоҳо ранҷ мебинад. Гӯё хонондани фарзандон бо забони тоҷикӣ оянда надорад, афсӯс ки ин хатогии нобахшанда аст. Муваффақияти бо забони модарӣ  хонда комёб  гаштанро  дар симои Ҷовид Раҳмонов  дидан, далели  гуфтаҳои боло аст. Ӯ ҳоло дар айни камоли  эҷодист. Ба қуллаҳои баланди  илм расидан корест  дандоншикан. Дар ин  ҷода ба Ҷовидҷон  парвозҳои  баланди  эҷодӣ  хоҳонем.

Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
омӯзгори мактаби рақами 30,
ноҳияи Нурато.
Аълочии таълими  халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: