КОМЁБИИ ПАХТАКОРОНИ НОҲИЯИ РОМЕТАН

Пахтакорони ҳимматбаланди ноҳияи Рометан 30 октябри соли ҷорӣ дар вилоят дуюмин шуда супоришоти солонаи пахтасупориро иҷро карданд.

Дар ноҳия маъракаи ғунучини ҳосил 25 сентябр оғоз ёфта, дар он 194-то отряди пахтачинон иштирок намуданд. Ба туфайли меҳнати фидокоронаи онҳо қуллаи мақсад фатҳ гардид. Хирмани пешбинигардидаи 41600 тоннагии ноҳия 100,1 фоиз тайёр шуд.  
Ҳосилнокии майдонҳо нисбати соли гузашта дар ҳар як гектар 5-6 сентнерӣ зиёдтар гардид. То имрӯз 85 фоизи хоҷагиҳои фермерии ноҳия супоришоти пахтасупориро иҷро карда бошанд, аксарияти онҳо бо чинаки аввал ба марраи мурод расида буданд. Риояи қатъӣ ва  саривақтии тадбирҳои агротехникӣ боиси фаровонии ҳосил шуда бошад, дар давоми ҳосилғундорӣ ба чинакчиён саривақт  дода шудани музди пахтаи чидашуда, бо мақсади ҳавасманд намудани чинакчиён ва роҳбарони отрядҳои пешқадам дода шудани тӯҳфаҳои пурарзиши ҳокимияти ноҳия, ташкилоти давлатию ҷамоатӣ самаранокии корро таъмин кард. Деҳқонони асил суръати пахтачиниро суст накардаанд. Онҳо мехоҳанд ҳосили рӯёндаашонро то охир чинда, ба давлат супоранд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти  Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: