КОМЁБИИ ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО

Пахтакорони диловари вилояти Бухоро нақшаи шартномавии ба давлат супурдани пахтаро бо муваффақият иҷро карданд.

Пахтакорони диловари вилояти Бухоро нақшаи  шартномавии ба давлат супурдани пахтаро бо муваффақият иҷро карданд.
Ба пунктҳои қабул 342 ҳазору 600 тонна ашёи  хоми қиматбаҳо инъом гардид, ки ин баробари 100,2 фоизи нақшаи солона аст. Ислоҳот дар соҳа самараи худро медиҳад. Ҳоло дар 11 ноҳияи вилоят 10 кластери пахтаю ресандагӣ фаъолият дорад. Корхонаҳо —  ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди вилоят «Вuxoro Agrocluster», «Merganteks», «Qorakul Kumush Kalava», «Parvoz Xumo Ravnaq trans», «BCT Cluster Agrokompleks». «WBM Romiteks», «Bahor Chance Textile», «Buxoro Zarhal Teks» имконият доранд, ки аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр — ҷараёни ҳамаи корҳоро худашон иҷро кунанд. Ба комёбии меҳнатии пахтакорони вилоят ноҳияҳои Қаро-кӯл, Олот, Вобканд, Пешкӯ, Ғиҷдувон ва Шофиркон саҳми арзанда гузоштанд. Соли равон деҳқонони вилоят дар 106 ҳазор гектар майдон пахтаи навъҳои «Бухоро-6 «, «Бухоро-8», инчунин «Бухоро-10» корида, 95 фоизи ашёи хомро ба навъи якум супориданд.  Дар давоми мавсим зиёда аз 3 ҳазор хоҷагии фермерӣ муваффақияти корро таъмин карданд.
Созмон ёфтани отрядҳои пахтачинӣ, барои ҳар як килограмм пахта ба чинакчиён 1200-1500 сӯмӣ дода шудани музди меҳнат, барои онҳо дар саҳро тайёр намудани хӯроки гарм ва дигар шароитҳо боиси беталаф ҷамъ оварда шудани ҳосил гардид. Бинобар ҳисобу китоби пешакии мутахассисон имсол танҳо аз пахта беш аз 1 триллиону 600 миллион сӯм даромад ба даст меомадааст.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: