КОМЁБИИ ПАРАЛИМПЧИЁНИ МО ДАР ҶАКАРТА

Варзишгарони мо дар Бозиҳои III-и тобистонаи параосиёӣ, ки дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта баргузор шуд, 35 медали тиллоӣ, 24 нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст оварда, ба Ватан баргаштанд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми тайёр кардани паралимпчиёни Ӯзбекистон ба ин мусобиқаи бонуфуз қарори роҳбари давлат аз 9 марти соли 2017-ум дар бораи тайёр кардани варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ ва Бозиҳои XVI-и паралимпии соли 2020-ум дар шаҳри Токио (Ҷопон) дастурамали муҳим гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат барои баргузор кардани ҷамъомадҳои таълимии варзишгарон, баланд бардоштани таҷриба ва маҳорати онҳо дар пояи меъёрҳои замонавӣ, тайёр кардан ба талошҳое, ки барои сабқатҳо роҳхат медиҳанд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд.
– Мо ба Бозиҳои параосиёӣ тайёрии ҷиддӣ дидем, – мегӯяд барандаи медали тиллоӣ оид ба атлетикаи сабук Ҳусниддин Норбеков. – Натиҷа бад нашуд. Ман рекорди ҷаҳонро доир ба гулӯлапартоӣ, ки даҳ сол боз боқӣ мемонд, нав карда, пирӯз шудам. Асоси комёбии мо дар арсаи байналхалқӣ эътибори бузурге мебошад, ки таҳти сарварии Президент ба рушди варзиш, дастгирӣ кардан ва рағбатнок сохтани ҷавонон дода мешавад. Мақсади минбаъда иштироки бомуваффақият дар Бозиҳои паралимпӣ мебошад.
Аъзои ҳайати Ӯзбекистон дар ҷараёни Бозиҳои III-и тобистонаи параосиёӣ ду рекорди ҷаҳонӣ, 12 рекорди қитъа ва 13 рекорди Бозиҳои параосиёиро нав карданд. Аз ҷумла варзишгарони атлетикаи сабуки Ӯзбекистон ба нав кардани як рекорди ҷаҳонӣ, ду рекорди осиёӣ ва нуҳ рекорди Бозиҳои параосиёӣ муваффақ шуданд.
Варзишгарони мо бори дигар собит сохтанд, ки ҳаракати паралимпӣ дар мамлакатамон қатъиян инкишоф меёбад ва ба ин тариқ шуҳрати Ватанро дучанд мекунад. 
– Мусобиқаҳо аз талошҳои ҷиддӣ сероб буданд – мегӯяд чемпиони Бозиҳои параосиёӣ оид ба дзюдо дар вазни то 81 килограмм Нурбек Мирзоев. – Хурсандам, ки ба ҳарифони пурзӯр ғолиб омада, соҳиби медали тиллоӣ шудам. Ният дорам, ки дар Бозиҳои XVI-и паралимпӣ, ки дар Токио баргузор мешаванд, низ ба натиҷаҳои баланд муваффақ шавам.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазир А. Абдулҳакимов баромад кард.

Ҷ. ТОШХӮҶАЕВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: