КОМЁБИҲО, КАМБУДИҲО ВА НАҚШАҲОИ НАВ

Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев дар сессияи навбатии Шӯрои вилоятии намояндагони халқ оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар соли 2021 ва нақшаҳои соли 2022 ба мардум муроҷиат кард.

Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев дар сессияи навбатии Шӯрои вилоятии  намояндагони халқ оид ба ҷамъбасти рушди  иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар соли 2021 ва нақшаҳои соли 2022 ба мардум муроҷиат кард.
Дар ин муроҷиатнома ҳамаи соҳаҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Назар ба гуфти ҳокими вилоят дар соли ҷорӣ маҳсулоти саноатӣ ба даҳ фоиз, маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба 7,1, сохтмон 4,3, истеҳсолот 6,2 фоиз нисбат ба соли гузашта афзудааст. Инчунин, ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳудудӣ ба ҳар сари аҳолӣ 14,7 миллион сӯм рост меояд , ки имсол назар ба порсол 1,7 миллион сӯм инкишоф ёфтааст.
— Дар доираи барномаҳои инвеститсионӣ 504 лоиҳаи инвеститсионӣ ба амал татбиқ гардидааст, ки 5 триллион сӯмина қимат доранд. Аз ин ҳисоб панҷ ҳазор ҷойи нави корӣ созмон ёфт. Бо қимати 260 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва кредит то ин дам амалӣ гаштанд. То охири сол ин нишондиҳандаро  ба 300 миллион доллар расониданианд, – гуфт ҳокими вилоят дар муроҷиати худ. Бори аввал бо миқдори беш аз 200 миллион доллари ИМА маҳсулоти саноатӣ ва меваву сабзавот содир карда шуд, ки дар қиёси соли гузашта чор баробар зиёд аст.
Дар қаламрави вилоят 7330 нафар шаҳрвандонро касбу ҳунари замонавӣ омӯзонда шуд. То имрӯз 14601 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омаданд. Барои харид намудани кӯчат ва воситаҳои обёрикунӣ 2,5 млрд. сӯм субсид ҷудо карда шуд.
Аз ҳисоби манбаъҳо қариб 1,5 триллион сӯмина маблағ  барои беҳ гардондани  тарзи зисти аҳолӣ ва инфрасохтори маҳаллаҳо равона гардид.
Ба 530 мактаби миёна, 196 муассисаи таълими томактабӣ ва 242 пункти пойгоҳии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо хати шишагини оптикӣ кашида шуда, ба шабакаи интернет пайваст гардид.
Ҳокими вилоят ҳамчунин доир ба хидматҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сифати он ҳарф зад. 
Дар анҷоми сессия брифинги матбуотӣ низ доир гардид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: