КОМЁБИҲО ТАМАННО ДОРЕМ

«Овози тоҷик» барои мардуми сарбаланди кишвари мо на танҳо рӯзномаи муқаррарӣ, балки парчами номусу нанг, сабаби нозу ифтихор аст.

«Овози тоҷик» барои мардуми сарбаланди кишвари мо на танҳо рӯзномаи муқаррарӣ, балки парчами номусу нанг, сабаби нозу ифтихор аст. Дар Ӯзбекистон ба табъ расидани чунин як рӯзномаи тоҷикӣ худ комёбии бузург мебошад. Мо, ҳарчанд дур аз Ватан ҳастем, матолиби рӯзномаро аз саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мутолиа мекунем. Тавассути рӯзнома бо навиду рӯйдодҳои кишвар ошно мешавем. Ба кори пурзаҳмати рӯзноманигорони «Овози тоҷик» барор мехоҳам, тоҷик ва тоҷикзабони мамлакатро даъват мекунам, ки ба рӯзнома сари вақт обуна шуда, онро дастгирӣ намоянд. Зеро “Овози тоҷик” оинаи рӯзгори мардуми нектолеи Ӯзбекистон аст, ки садои дил, орзуву ормон, умеду некномиҳояшонро падидор мекунад, ба гӯши мардуми дунё мерасонад.
Кош, дар рӯзнома роҷеъ ба ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ, аз ҷумла тоҷикони муқими Русия ҳам хабару лавҳа ва мақолаҳо пешкаш мегардиданд. Дар чунин ҳолат доираи хонандагон боз ҳам васеътар шуда, миқдори обуна хеле меафзуд. Мо, тоҷикони муқими Русия, тавре ки зикр шуд, тавассути шабакаҳо бошад ҳам, рӯзномаро пайваста мутолиа менамоем. Ба кори заҳматталаби кормандони рӯзнома комёбиҳо таманно мекунем.

Фаршед ЗЕҲНӢ, 
номзади фанҳои техникӣ, 
дотсент.

Шаҳри МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: