КОМЁБИҲОИ ФАРҲОДҶОНИ ПАНҶСОЛА

Хушхабарро аз муаллими собиқадор Нуриддинов шунида, шод гардидем, ки набераяки ба синни 5 қадаммондаи ӯ ғолиби мусобиқаи варзишӣ шудааст.

Инро  шодмонии  Нуриддинов ва суратҳои ба мо тақдимкардаи духтари ӯ Замира тасдиқ намуданд. Ин далолат аз он буд, ки туфайли эътибор ва сиёсати одилонаи роҳбари давлат таълиму тарбия ва  соҳаи варзиш ривоҷу равнақ ёфта, ҷиҳатҳои бартариашонро намоиш  дода  истодаанд. Комёбиҳои Фарҳодҷон ҳам исботи ин фикр мебошанд.
Фарҳодҷон соли 2018  дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст дар оилаи хидматчии ҳарбӣ — Фурқатҷон Нуриддинов ва Зулола Қосимова таваллуд шудааст.  Алҳол бо тақозои хидмати ҳарбии падар тарбиягирандаи муассисаи таълими  томактабии рақами 382-юми шаҳри Тошканд аст. Рӯзе ба ин муассиса устоди  ҷавони варзиш Муҳриддин Қосимов, ки дар чанде аз таълимгоҳҳо машғулиятҳои таэквондоро мебурд, омада, ба гурӯҳаш наврасонеро, ки бо зиракӣ, чолокию зудамалиашон диққати ҳамаро ба худ мекашиданд, қабул кард. Шогирдаш Фарҳодҷон аз қатори  пешқадамон ҷой гирифт. Ин буд, ки Фарҳодҷон дар  мусобиқаи таэквондочиёни шаҳри Тошканд ҷойи дуюмро ба даст оварда, соҳиби медалу  диплом гардид. Мураббиёни боғча аз дастовардҳои шогирдашон басе  мамнун  шуданд.
Падару модари нури дидаашонро боз бо нияти нек  ба  қувваозмоии навбатии минтақавӣ, ки бояд дар шаҳри Ҷиззах баргузор мегардид,  гусел намуданд. Дар ин талошҳо Фарҳодҷон рақибонашро  мағлуб карда,  ба ҷойи аввали  шоҳсуфа баромад ва боварии волидайну  устодонашро  сафед кард. 
Падаркалонаш муваффақиятҳои набераашро шунида, фарзанди  зафармандашро дуо кард, ки Офаридгор ба умру ризқаш барака диҳад, дар мусобиқаҳои варзишӣ парчами давлатамонро баланд бардорад.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти  НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: