КОМЁБИҲОИ МЕҲНАТИИ ФЕРМЕР

Падари Самадҷон иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Набиҷон Собиров дар хоҷагии пахтакорӣ вазифаи механизаториро дар ӯҳда дошт.

Падари Самадҷон иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Набиҷон Собиров дар хоҷагии пахтакорӣ вазифаи механизаториро дар ӯҳда дошт. Самадҷон ҳам аз пайи падараш роҳи саҳроро пеш мегирифт ва вақтҳои холӣ дар қитъаҳои замин мегузашт.
Вай баъди хатми мактаби рақами 27-уми деҳаи Саримсоқтепаи ноҳияи Чуст дар Самарқанд аз рӯйи ихтисоси электрик техникумро ба итмом мерасонад. Дар аскарӣ низ дар сохтмонҳои қисмҳои ҳарбии гуногун ҳамчун электрик адои вазифа мекунад.
Пас аз хидмати ҳарбӣ қариб чоряк аср дар истгоҳи обии Чуст вазифаи электрикро ба ӯҳда дошт, барои беҳтар кардани таъминоти обии киштзорҳои ноҳия саҳм гузошт.
Солҳои истиқлолият дар мамлакатамон ба ҳаракати фермерӣ роҳи васеъ кушода шуд. Самадҷон Собиров ҳам барои ташкил кардани хоҷагии фермерӣ шурӯъ карда, соли 2002 аз ҳудуди саройи мошину трактори «Нурафшон»-и ноҳияи Чуст, ки бачагиаш бештар дар ана ҳамин киштзорҳо гузашта буд, дар 10 гектар замини камҳосил хоҷагии фермерии «Набӣ Собир»-ро созмон дод. Ҳамон сол аз ҳар гектар 20 сентнерӣ пахта рӯёнд.
Хоҷагиҳои фермерие, ки қитъаҳои майдонашон дар шафати хоҷагии фермерии «Набӣ Собир» воқеъ аст, нақшаҳои ба давлат пахтасупориро иҷро намекарданд. Он қитъаҳо марҳила ба марҳила ба хоҷагии фермерии Самадҷон Собиров гузаронида шуд.
Ҳоло қитъаҳои майдони хоҷагии фермерии «Набӣ Собир» ба 95 гектар расидааст. Дар хоҷагӣ 13 нафар оброн, 4 нафар механизатор ва 19 нафар пудратчиён, ки ҳар яке вазифаи худро нағз медонанд, барои рӯёнидани ҳосили фаровони пахта, ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз қалб меҳнат мекунанд. Барои кишт ва коркарди ниҳолҳои пахта ва ба заводи пахтақабулкунӣ супоридани пахта 5 техникаи гуногун пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар хоҷагии фермерии номбурда дар 5 сотих моҳипарварӣ, дар 2 сотих гармхона ва 5 гектар боғи меваҷоташ гуногун ва парвариши 15 сар чорвои калони шохдор ба роҳ монда мешавад.
Аъзои хоҷагии фермерии «Набӣ Собир» дар ҳама соҳаҳои хоҷагии қишлоқ нақшаҳои пешистодаашонро барзиёд ба иҷро мерасонанд. Соли ҷорӣ ба 58 гектар замин ғалла кошта, 55 сентнерӣ – ҷамъ 23 тонна ба давлат ғалла супориданд. Инчунин 50 тонна ғалла ба аъзои хоҷагӣ пешниҳод карда шуд.
Дар ин комёбиҳои ноилгардидаи хоҷагӣ меҳнати обронҳо Собирҷон Маҳмудов, Муҳаммадалӣ Дадаҷонов, бародарон Хайруллоҷон ва Лутфуллоҷон Қазоқовҳо, механизаторон Низомҷон Ҳакимов, Бахтиёр Собиров, Азамат Холиқов, Сиддиқҷон Эргашевҳо лоиқи таҳсин аст.
– Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ омили асосии рӯёнидани ҳосили фаровон асосан ба коркарди ниҳолҳои пахта, обёрӣ, пошидани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ вобаста аст. Дар ин ҷода ҳамаи аъзои хоҷагии фермериамон ин вазифаҳоро аз таҳти дил иҷро мекунанд, – мегӯяд сардори хоҷагии фермерии «Набӣ Собир», соҳиби ордени «Дӯстлик» Самадҷон Собиров. 

А.МУРОДОВ, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: