КОМЁБИҲОИ НАЗАРРАСИ КОРХОНАИ «ШАРҒУНКӮМИР»

Таърих борҳо ба собит расонидааст, ки дар пешрафту тараққиёти ҷамъият нақши шахс бузург аст.

Таърих борҳо ба собит расонидааст, ки дар пешрафту тараққиёти ҷамъият нақши шахс бузург аст. Аз дурустии ин категорияи фалсафӣ хулосае бармеояд, ки ҳар шахси ташаббускор, ҷӯянда, серғайрату серҳаракат метавонад бо кору амалу тадбирҳои дурандешонааш аз худ нақше гузорад. Ҳоло мо дар ин мақола дар хусуси фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии “Шарғункӯмир”-и шаҳри Шарғун ва чораҷӯиҳои роҳбари кунунии он, марди чашмикордон Ҳамза АБДУЛЛОЕВ ҳарф заданием.
Маълум, ки кони ангишти Шарғун ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бо истеҳсоли ангишти босифат дар ҷануби Ӯзбекистон яке аз корхонаҳои пуриқтидор ба ҳисоб мерафт. Дар солҳои истиқлолият низ ин кони ангишт нобаробар фаъолияти хешро пеш бурд. Яъне гоҳ рушд менамуду гоҳе фаъолияташ суст мегардид. Баъдан бо тақозои замон барои роҳандозӣ намудани фаъолияти корхона 10 ноябри соли 2017 ба тасарруфи ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” гузашт. Дар моҳи марти соли 2019, вақте ки Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳини сафари худ ба Сурхондарё аз шаҳри Шарғун дидан намуду ба тамоман тағйир додани симои шаҳр дастур дод, аз нав реконструксия ва модернизатсия намудани корхонаи мазкур низ пурра ба нақша гирифта шуд. Бо қатъият ба ободонии шаҳр 30 апрели соли гузашта пойдевори мустаҳкам гузошта шуд. Мебоист дар ҳамин замина ба реконструксия ва модернизатсияи кони ангишти Шарғун низ камари ҳиммат баста мешуд. Вале бо чандин сабаби аёну ноаён фаъолияти корхона ҳамоно ба таври бояду шояд пеш нарафт. Ниҳоят, муҳайё набудани шароити кор, камии музди меҳнат ба норозигии коргарон оварда расонд. Дар кони ангишт қариб 500 нафар кор мекунанд. Муроҷиату эътирози 200 нафар коргарон сабаб шуд, ки 14 августи соли 2020 гурӯҳи мутахассисон аз ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” омада, вазъиятро омӯхта, корхонаро тафтиш намоянд ва дар натиҷа 26 август 9 нафар ходимони масъули корхона аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Ба таъбире, то вақте ки корхона роҳбари ҳақиқии худро наёфт, ба пешравӣ замина ҳам ёфт нашуд.
Ниҳоят, моҳи феврали соли ҷорӣ ба корхона Ҳамза Абдуллоев, ки қаблан дар ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” ҳамчун роҳбари Саридораи ташкили кори саноат ва фаъолияти тадқиқоти илмӣ кор мекард, ба вазифаи сардиректорӣ таъин гардид. Баъд аз ин фаъолияти корхона бо суръат рушд намуд. Ҳамза Абдуллоев, ки роҳбари чашмикордон асту соҳаи худро хуб мефаҳмад, бо дониш ва ақлу заковати хеш корхонае, ки ба инқироз рӯ ба рӯ шуда буд, аз ҳолати вазнин баровард. Бо баробари кандану истеҳсоли ангишт, истеҳсолоти нав ба нав ҷорӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ, шароити хуби меҳнатӣ ташкил карда, коргаронро атрофи худ муттаҳид сохт. Мутахассисони  ташаббускорро ҷалб намуд.

БУНЁДИ ЗАВОДИ МЕХАНИКА

Дар айни замон дар шароити пандемия бо риоя намудани тартибу қоидаҳои карантин дар «Шарғункӯмир” корҳои бунёдкорӣ бо суръат пеш бурда мешаванд. Нақшаҳоро ҶММ “Тоштемирйӯллоиҳа» зина ба зина амалӣ месозад. Бо аз нав таъмир намудани яке аз биноҳо заводи механика бунёд карда шуд. Роҳбари тадбирандеш аз корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии “Тошкент механика заводи” ва корхонаи унитарии “Андиҷон механика заводи”, ки дар тасарруфи ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” мебошанд, 10-то дастгоҳи гуногуни пуриқтидор оварда устувор намуд. Дар натиҷа дар тасарруфи ҶС “Шарғункӯмир” ҶММ “Шарғун механика заводи” бунёд ёфта ба фаъолият шурӯъ намуд ва он дар қадами аввал ҳоло маҳсулоти метал истеҳсол карда истодааст. Дар ин завод 17 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Масъулон дар оянда доираи фаъолияти заводро боз ҳам васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, маҳсулотҳои эҳтиёҷи мардум истеҳсол намуданро ба нақша гирифтаанд.

СЕХИ ДӮЗАНДАГӢ БАРПО ШУД

ҶММ “Тоштемирйӯллойиҳа” бо ҳамкории яке аз тадбиркорони маҳаллӣ 30 дона дастгоҳи дӯзандагӣ оварда, сехи дӯзандагӣ бунёд сохт. Аз рӯи гуфтаи раҳбари сех Даврон Хурсандов дар ин коргоҳ 100 нафар бо кор таъмин гардиданд. Аксари онҳо ҷавонон мебошанд. Дар сехи мазкур кор дар се баст ташкил карда шудааст ва он барои коргарони ҶС “Шарғункӯмир” корҷома медӯзад.

“ШАРҒУН БРИКЕТ” ИНТИЗОРИ ХАРИДОРОН АСТ

Корхонаи нави ҶММ “Шарғун брикет”-ро низ ҶММ “Тоштемирйӯллойиҳа” зина ба зина бунёд месозад. Ҳоло бунёди корхона дар арафаи анҷомёбист. Қисми пӯшидани бом ва корҳои пардоз мондаасту халос. Дастгоҳҳо устувор карда шудаанд. Бо мақсади хушсифат (зичии маҳсулот дар назар аст) истеҳсол намудани ангишти брикет бо ҶММ “Кимёвий технология” шартнома низ ба имзо расидааст. Ҳоло барои ба фурӯш баровардани маҳсулот бо корхонаҳои маҳаллӣ шартномаҳо баста мешавад, эҳтиёҷу талаботи аҳолӣ низ дар ин боб таъмин мегардад. Дар айни замон ба ҳисоби миёна дар ду басти корӣ 4,5 тонна ангишти брикет дар як рӯз истеҳсол карда мешавад.

КАНДАНИ АНГИШТ ВА ВАСЕЪ НАМУДАНИ ИСТЕҲСОЛОТ

Дар соли 2020 ҶС “Шарғункӯмир” аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар ҳаҷми 25 млн. доллари ИМА (аз он 2,4 млн. маблағ ҳиссаи корхона ва 22,6 млн. ҳиссаи қарзи Эксимбанки Чин) бояд маҳсулот истеҳсол кунад. Дар айни ҳол натиҷаҳо қаноатбахшанд. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз рӯи нақшаи пешбинишуда бояд 6,5 млн. доллари ИМА (аз он 1,4 млн. маблағ ҳиссаи корхона ва 5,1 млн. маблағи заёми Эксимбанки Чин) маҳсулот истеҳсол карда мешуд ва ин нишондод пурра амалӣ гардид. Дар асоси шартнома дар ин муддат 300 тонна ангишти босифат ба Покистон низ содир карда шуд. Аз ҳисоби даромад боз фаъолияти корхонаро такмил дод. Дар чоряки дуюм бошад, бо сабаби карантин нақшаҳо пурра амалӣ нашуда бошад ҳам, кор бо мароми хеш идома дорад. 
АҲОЛИИ МАҲАЛЛА  — МАМНУН

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ин кони ангишт бештар аҳолии маҳаллаи “Бойсунобод” кор мекунанд. Ин мардуми меҳнатдӯст замоне аз деҳаҳои ноҳияи Бойсун кӯчида омада, ҳоло муқимӣ шудаанд. Дар кандани ангишт таҷрибаи бой доранд (дар Бойсун низ кони ангишти Тӯда мавҷуд). Раиси маҳалла Ҳикмат Мирзоев аз номи бошандагон ба раҳбарияти корхона изҳори миннатдорӣ намуд.
– Сокинони маҳаллаамон аз корхонаи ҶС “Шарғункӯмир” хеле сипосгузоранд, – гуфт ӯ зимни суҳбат. – Зеро 80 фоизи коргарон аз маҳаллаи мо буда, аз ҳисоби корхона зиндагии хешро пеш мебаранд. Корхона барои ободии маҳаллаамон бисёр корҳои хайрро ба сомон расонид. Қабристон обод карда шуд. Роҳҳо мумфарш гардиданд. Чанд моҳ пеш дар таъмири кӯпруки маҳалла низ кӯмак намуд. Инчунин, дар шароити душвори пандемия шахсан бо ташаббуси роҳбари корхона ба оилаҳои мӯҳтоҷу дармонда маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд. Мо ҳамеша дар дуои ин марди саховатпеша ҳастем.

КОРҲОИ ҲОМИГИИ КОРХОНА

Роҳбарияти корхона бо ҳамкории иттифоқи касаба 1 июн ба муносибати Рӯзи байналхалқии кӯдакон аз ҳолу аҳволи ҷавонони муҳтоҷи аз 7 то 15-сола, ки падару модарашон замоне дар ин корхона кор кардаанду ҳоло дар ҳисоби ҷамъияти ногиронон меистанд, туҳфаҳо дод.
Инчунин, баҳри иҷрои Фармони Президент аз 3 апрели соли 2020 “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои дастгирӣ намудани соҳоти иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемия” ва дар асоси фармоиш аз 15 апрели соли 2020-и раиси раёсати ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” ба манзили 55 нафар оилае, ки солҳои зиёд дар ин корхона кор карда ҳоло ба нафақа баромадаанд ва оилаҳое, ки ҳозир кор мекунанду ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷанд, кӯмаки моддӣ расониданд.
Хуллас, комёбиҳо назаррасанд. Роҳбарият бо ҳаракати сардиректор Ҳамза Абдуллоев барои боз ҳам васеъ намудан ва ривоҷонидани корхона пайваста дар талош. Дар оянда аз рӯи зарурият ва талаботи аҳолӣ маҳсулот истеҳсол намуданро пеши худ мақсад кардаанд. Аз ҷумла, дар оянда истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ: оҳак, карбид, рангҳои фасад, хишти пухта, оҳану бетон ва дигар воситаҳои техникии рӯзгорбоб истеҳсол карданианд. Инчунин, анбори нигаҳдории сабзавоту меваҷот низ сохта, фаъолиятро серсоҳа, даромадро зиёд, зиндагии коргаронро фаровон намуда, дар пешравии иқтисодиёти кишвар боз ҳам бештар саҳмгузор шуданӣ ҳастанд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: