КОМЁБИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУЛОҚОТИ ДАРАҶАИ ОЛИИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ПЕШНИҲОД ШУД

22-23 ноябр дар ситодхонаи воқеъ дар Ню-Йорк (ИМА)-и СММ мулоқоти сатҳи олии Ассамблеяи Генералии СММ барои таҳлили ҷараёни татбиқшавии Нақшаи ҷаҳонии амалиёт бинобар мубориза ба муқобили савдои одам баргузор шуд.

22-23 ноябр дар ситодхонаи воқеъ дар Ню-Йорк (ИМА)-и СММ мулоқоти сатҳи олии Ассамблеяи Генералии СММ барои таҳлили ҷараёни татбиқшавии Нақшаи ҷаҳонии амалиёт бинобар мубориза ба муқобили савдои одам баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ раиси иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералӣ Абдулло Шаҳид, муовини аввали котиби генералии СММ Амина Муҳаммад, муовини котиби генералии СММ, директори иҷрогари Идораи оид ба нашъа ва ҷиноят (ИНҶ) Гада Фатҳи Валӣ, ҳамчунин ҳайати дараҷаи олии беш аз 90 давлат иштирок карданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ аз ҷониби сарвари Ассамблеяи Генералӣ робитаи қарини савдои одам бо бисёр ҷиноятҳо, аз ҷумла маблағазхудкунӣ, ҳуҷҷатсозӣ, ҷинояти кибернетикӣ ва ғайра таъкид шуд. Маълумоти маърӯзаи умумии Идораи оид ба нашъа ва ҷинояткории СММ, ки моҳи январи соли 2021 чоп шудаасту мувофиқи он аз ҳар кадом даҳумин қурбони савдои одам панҷ нафар зан ва ду нафар духтарон мебошанд, пешниҳод гардид. Раиси Ассамблеяи Генералӣ давлатҳои аъзоро барои аксуламал бар муқобили ин тамоюл ба ҳамкории қарин даъват намуд.
Дар навбати худ Амина Муҳаммад иброз дошт, ки буҳронҳои ҷории ҷаҳонӣ, аз ҷумла пандемияи коронавирус, татбиқсозии Рӯзномаи 2030-юм оид ба рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза бо тамоми шаклҳои савдои одамро хеле суст карданд. Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки дар шароити пандемия беш аз пеш муҳим мегарданд, аз ҷониби шахсоне, ки бо савдои одам машғуланд, барои фиреб додан ва сӯиистифодаи қурбониён фаъолона корбурд мешаванд.
Ҳайати аксар кишварҳо фаъолияти СММ-ро оид ба мубориза бо савдои одам, аз ҷумла дар доираи Гурӯҳи ҳамоҳангсози байниидоравӣ, ки 30 оҷонсӣ ва муассисаҳои СММ ва созмонҳои минтақавиро муттаҳид мекунад, дастгирӣ карданд. Онҳо бинобар зарурияти андешидани чораҳои бетаъхир ва ҳамоҳанг сохтани саъю кӯшишҳо баҳри аз байн бардоштани ин иллати иҷтимоиву ҷамъиятӣ, ҳамчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн дар соҳати СММ ба мувофиқа расиданд.
Намояндаи доимии Ӯзбекистон Бахтиёр Ибрагимов иштирокдорони чорабиниро дар бораи чораҳое, ки дар кишвари мо бобати татбиқ сохтани Нақшаи умумии амалиёт оид ба мубориза бо савдои одам, аз ҷумла таъқиби ҷиноии созмондиҳандагону иҷрогарони ин гуна ҷиноятҳо, ҳифзи қурбониёни хариду фурӯш ва ҳамкорӣ барои бозгаштан ба ҳаёти мӯътадил, мустаҳкам намудани шарикӣ бо муассисаҳои СММ хабардор кард.
Қайд шуд, ки вазифаи асосии Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бо савдои одам ва истифодаи меҳнати иҷборӣ, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон таъсис ёфт, аз ҳамоҳанг сохтани саъю кӯшишҳои мақомоти миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар таъмин сохтани самаранокӣ ва мувофиқати саъю кӯшишҳои қабулшуда иборат мебошад.
Эътибори алоҳидаи иштирокдорон ба панҷ амалиёти инсонпарваронаи наҷотбахш бинобар бозгардондани шаҳрвандони Ӯзбекистон, асосан занон ва кӯдакон аз минтақаи зиддиятҳои ҳарбии Шарқи Наздик, ҳамчунин чораҳо бобати мутобиқати онҳо ба ҷомеа ҷалб карда шуд.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ Баённомаи сиёсӣ дар бораи татбиқсозии Нақшаи ҷаҳонии амалиёти СММ бобати мубориза ба муқобили савдои одам қабул гардид. Ҳуҷҷат тамоми давлатҳоро даъват менамояд, ки ҷиноятҳои вобаста ба фиреб додани одамон ва ба мақсади сӯиистифода аз онҳо фаъолонатар пешгирӣ карда, нақшаҳое, ки созмондиҳандагони хариду фурӯши одам аз онҳо истифода мебаранд, фош карда шаванд.

АИ «Дунё»,
шаҳри НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: