КОНАН ДОЙЛ ВА КИРОКАШ

Овардаанд, ки нависандаи англис Артур Конан Дойл (1859-1930) боре ба Порис омад.

Чун дар вокзал аз қатора поён шуд, яке аз ронандагони кирокаш бо қиёфаи ҷиддӣ ба ӯ наздик шуд ва хомӯшона ҷомадонашро аз дасти ӯ гирифту ба бағочи мошин гузошт. Танҳо баъди он ки ба паси чанбар нишаст, суҳбат оғоз намуд:
– Ҷаноби Конан Дойл, Шуморо то куҷо барам?
– Чӣ, магар маро медонед? – бо хушҳолӣ пурсид нависанда.
– Бори нахуст мебинам, – посух дод ронанда.
– Пас, чӣ гуна маро шинохтед?
– Бо корбурд аз усули дедективии таҳқиқ, ки шумо тасвир намудаед, – бо ифтихор гуфт ронанда. – Аз рӯзномаҳо маълумот гирифтам, ки Артур Конан Дойл ҳафтаи дуюм аст, ки ин ҷо, яъне дар Ривери Фаронса истироҳат дорад. Дуюм, дидам: қаторае, ки Шумо аз он берун омадед мансуб ба шаҳри  Марсел аст.
Баъдан мушоҳида кардам, ки хеле офтобхӯрдаед ва ба худ андешидам, ки чунин ҳолат танҳо ба касе рух медиҳад, ки ҳадди кам даҳ рӯз дар соҳили баҳри Миёназамин истироҳат карда бошад. Вақте дар ангушти миёнаи дасти ростатон доғи боқимондаи ранги ношустаро дидам, натиҷа гирифтам, ки нависандаед. Зоҳири Шумо духтурро мемонад ва буриши куртаатон бошад, бо усули лондонӣ сурат гирифтааст!
Ҳамин тавр, ба хулосаи ниҳоӣ расидам, ки Артур Конан Дойл – ҳамон эҷодгари коргоҳи Шерлок Холмси номдор маҳз шумоед!
Бо шунидани тавзеҳоти ронанда нависандаро ҳаяҷон фаро гирифт.
– О, худи Шумо аз Шерлок Холмс ҳеч камӣ надоред! – бо шавқ нидо кард нависанда, – модоме ки бо ҷузъиёти кам ба чунин хулосаи ниҳоӣ ва дуруст расидаед!
– Чунин ҳам ҳаст, – ғайричашмдошт бо завқ хандид ронанда. – Аммо ман боз ба ҷузъиёти дигар эътибор додам.
– Чӣ ҷузъиёт буд он? – пурсид нависанда.
– Он маншур (тамғаи бор)-и ба ҷомадони Шумо насбшуда аст, ки ному насабатон навишта шудааст.

Таҳия ва тарҷумаи А.КОМРОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: