Кондолиза Райс: «Таҳдид ҷиддӣ аст”

Собиқ котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс гуфт, ки Русия, Чин ва Эрон ният доранд, ки ҳаётро барои Амрико "беарзиш" гардонанд ва ин кишварро аз мавқеи раҳбарии байналмиллалиаш дур созанд.

"Ин иттиҳоди хурди давлатҳо кӯшиш мекунад, ки ҳаёти Иёлоти Муттаҳидаро даҳшатнок кунанд ва моро аз пешсафии байналмилалӣ берун намоянд”, гуфт вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News бобати арзёбии таҳдидҳои Маскав, Пекин ва Теҳрон.

Ба гуфтаи вай, дар дасти Эрон "хуни амрикоиҳо ҳаст" ва Чин аз лиҳози низомӣ ва иқтисодӣ то рафт пурзӯртар мешавад.

«Таҳдид ҷиддӣ аст”, - хулоса кард собиқ котиби давлатӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: