КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Бухоро конференсияи байналмилалии XVI CENTRAL ASIA 2023 интернет ва захираҳои ахбору китобхона дар илм, таълим, маданият ва соҳибкорӣ, инчунин форуми II байналхалқии китоб ва мутолиа – захираи стратегии тараққиёти ҷамъият ба амал омад.

Ба он, ки бо ташаббуси Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ҳар сол баргузор мегардад, имсол Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти ҷумҳурӣ, ҳокимияти вилояти Бухоро, маҷаллаи ахбору китобхона «INFOLIB» ва дигарон ҳамкорӣ намуданд. Дар ҷамъомад меҳмонони хориҷӣ, мутахассисону мутасаддиёни соҳа аз Қароқалпоқистону вилоятҳо ва шаҳри Тошканд иштирок карданд. Директори Агентии ахбору коммуникатсияҳои оммавӣ А. Хоҷаев дар бораи аҳамияти тадбир таваққуф намуда, бобати рушд додани ҳамкории муассисаҳои ахбор-китобхона, таълимгоҳҳо, бойгониҳо, осорхонаҳо ва ташкилотҳои дигар, ба мутолиаи китоб ҷалб намудани ҷавонон ҳарф зад. Ҳокими вилояти Бухоро К. Зарифов ҳангоми суханрониаш ривояти Амири Сомониро муолиҷа кардани Абӯалӣ ибни Сино ва ба ивази он ба китобхонаи давлатии Сомониён роҳ ёфтани ӯ, аз ҳар гуна молу давлат волотар будани сарчашмаи илм маънавият – китоб ва ба қарибӣ аз таъмири асосӣ баромадани Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро таъкид кард. Дар маросими кушодашавии тадбир сардиректори китобхонаи давлатии Русия, президенти Ассамблеяи китобхонаҳои  Авруосиё Вадим Дуда ва президенти Федератсияи ассотсиатсияҳои китобхонаҳои байналмилалӣ Барбара Лисон онлайн ба сухан баромаданд. Сипас ҳозирон гузоришҳои директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон Карим Тоҳиров, ректори Донишкадаи давлатии маданияти Маскав Екатерина Кудрина, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ Умеда Тешабоева ва дигаронро шуниданд. 
Маърӯзаю баромадҳои шавқовар, дарсҳои маҳорату таҷрибаивазкуниҳо, имзокунии меморандумҳои ҳамкорию таклифу мулоҳизаҳои судовар ба майдон омаданд. 
Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳоло дар назди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон 14 захираи ахбору китобхонаҳои вилоятӣ, 188 маркази шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бухоро бошад, ҳоло 917 китобхона фаъолият дошта, танҳо фонди китобҳои Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯалӣ ибни Сино бештар аз 300 ҳазор нусха аст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: