КОНФРОНС БАХШИДА БА МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТ

Рӯзи шанбе дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Гулистон бахшида ба Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис конфронс ба амал омад.

Дар кори конфронс раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Саъдулло Ҳаким, ректори Донишгоҳи давлатии Гулистон, профессор Мӯҳсин Ҳоҷиев, сардори Садорати матбуоти вилоят, сенатор Фарҳод Боқиев, муовини ҳокими вилоят Отабек Низомов, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.
– Муроҷиатномаи Президенти ҷумҳурӣ – ин як ҳуҷҷати таърихист, –  гуфт раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистон Саъдулло Ҳаким, –  ва ба амал татбиқ  кардани нишондодҳои Муроҷиатнома натанҳо вазифаи Сенати Олий Маҷлис, ёхуд Палатаи қонунгузорӣ, балки вазифаи ҳамаи рӯшанфикрон, аз ҷумла мову шумо журналистон аст...
Ректори донишгоҳ Мӯҳсин Ҳоҷиев доир ба чораву тадбирҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, сенатор Фарҳод Боқиев оид ба таассуроти нахустини худ аз маҷлиси Сенат сухан гуфтанд.
Дар охири конфронс ба як гурӯҳ рӯзноманигорони вилоят ифтихорномаҳои Иттиҳодияи эҷодии журналистони ҷумҳурӣ ва вилоят супурда шуданд.

Т. БОҚИЕВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик” 
дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: