КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ОНКОЛОГҲО ДАР БУХОРО

8 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи бухорогии Маркази тиббии илмӣ-амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ анҷумани IX Мактаби илмӣ-таълимии байналхалқӣ – стандарти ягонаи муолиҷаи саратон: технология ва инноватсия ба кор оғоз кард.

Дар кори он олимон ва мутахассисони соҳа аз мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла, Русия, Сербия, Англия, Тоҷикистон  иштирок доранд.

Ин тадбир, ки бо ташаббуси якҷояи ҳокимияти вилояти Бухоро, Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тиббии ихтисосонидашудаи илмӣ-амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии ҷарроҳон-онкологҳо, Ташкилоти ҷамоатии умумирусиягии федератсияи мутахассисон оид ба муолиҷаи бемориҳои сару гардан, Донишгоҳи якуми давлатии тиббии ба номи И.М.Сеченеви Маскав, Ассотсиатсияи онкологҳои Ӯзбекистон ва ғайра роҳандозӣ гардидааст, ду рӯз давом мекунад. Дар кори  он олимони намоёни соҳа: президенти Федератсияи умумиҷаҳонии ҷарроҳон-онкологҳо (WFSOS), профессор Радан Ҷодич (Сербия), ноиб-президенти WFSOS, профессор Владимир Аникин (Англия), директори мактаби WFSOS, академик Игор Решетов (Русия), профессор Анатолий Романчишен (Русия), Антон Зайтсев, Андрей Шелеско, Виктор Писменний (Русия), Нада Сантрак (Сербия) Кристина Вабалайте, Марина Енгибарян (Русия), Мирзоғолиб Тиллошайхов, Мирзо Ғафурохунов, Ҷамила Пӯлодова (Ӯзбекистон) ва ғайра бо маърӯзаҳо баромад мекунанд, ҷараёни ҷарроҳиҳои онҳо бо мониторҳо намоиш дода мешавад.
Дар анҷуман меҳмонони зиёд иштирок доранд. Ба мо имконияти мулоқот бо як гурӯҳ кормандони Маркази ҷумҳурии илмии саратоншиносии Тоҷикистон, номзадҳои илмҳои тиб Дилором Мирзоева, Комила Ҷӯрабекова, духтурон ва муҳаққиқон Йигиталӣ Нуриддинов, Фурқат Салимов муяссар гардид.
– Чунин анҷуманҳо имконият медиҳанд, ки муолиҷаи маризии саратон дар миқёси олам бо як қолаб сурат гирад, – изҳори ақида намуд номзади илмҳои тиб Дилором Мирзоева.
– Дар Бухорои шариф гузаштани чунин як тадбири бонуфуз бароям хуш меояд. Зеро Бухоро зодгоҳи модари ман (профессор Шарофат Ғуломова) аст ва баъди солҳои тӯлонӣ боз ин ҷо омадан бароям гуворост, – арзи дил кард Дилором.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: