Таъсис ёфтани Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ дар вилояти Тошканд яке аз самараҳои ташаббуси хуб ба шумор меравад.
Ҳоло дар ин донишкада беш аз 300 нафар устодону омӯзгорон ба зиёда аз 5 ҳазор нафар донишҷӯён дарс мегӯянд.
Ба наздикӣ бо ҳамкории Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати ривоҷёбии инноватсионӣ дар донишкада дар мавзӯи «Ҳалли муаммоҳои таълими пайваста дар ривоҷи таълими мунтазам» конфронс ба вуқӯъ пайваст, ки дар он олимон ва омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии кишвар, инчунин, аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар иштирок доштанд. Дар конфронс беш аз 300 маърӯза доир ба муаммоҳои таълиму тадриси фанҳои гуногун, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, ба толибилмон расонидани ахбору технологияҳои нав ва ғайра шунидаву муҳокима шуданд.
Конфронсро ректори Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ дар вилояти Тошканд, профессор Ғ.Муҳамедов ифтитоҳ бахшид.
Сипас ҷонишини вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус У.Бегимқулов, мудири садорати таълими халқи вилояти Тошканд Ш.Бурҳонов, мудири садорати муассисаҳои таълими томактабии вилояти Тошканд Н.Дадабоев суханронӣ карданд.
Дар маҷлиси умумии конфронс ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Чимкент Алимбек Ҷуманов, директори Институти астрономияи Академияи илмҳои Ӯзбекистон Шуҳрат Эгамбердиев, профессор Равшанхӯҷа Расулов, академики Академияи фанҳои Турон Аслиддин Қамарзода, профессорон Фотима Қодирова, Роҳат Ғайбуллоева, мудири шуъбаи таълими Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ Воҳид Файзиев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Баъд дар се бахши конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои ҳалталаби мактабу маориф ва таълими фанҳои гуногун дар асоси технологияҳои нави педагогӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иштирокчиёни конфронс бо ҷараёни таълим дар Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ шинос шуданд.
Тиллоҷон НОСИРОВА,
устоди Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ дар вилояти Тошканд.