Дар Тирмиз дар доираи Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ барои журналистони хориҷӣ ва ватанӣ конфронси матбуотӣ баргузор шуд.
Солҳои охир дар мамлакати мо ба инкишоф додан ва дастгирӣ намудани фарҳангу санъат эътибори махсус дода мешавад. Дар соҳа қабул гардидани 45 фармон ва қарорҳои Президенти кишвар, тақрибан 50 қарор ва фармоишоти Девони Вазирон тасдиқи гуфтаҳои болоист.
Дар доираи иҷрои ҳуҷҷатҳои мазкур соли равон дар Шаҳрисабз аввалин Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом дар сатҳи баланд баргузор шуд.
Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки алҳол дар Тирмиз мегузарад, низ ба рушди минбаъдаи фарҳангу санъат, намоиши эҷодиёти бахшигӣ, ки қисми ҷудонопазири сарвати ғайримоддии фарҳангии мо ба шумор меравад, ба тамоми оламиён нигаронида шудааст.
Бо мақсади сазоворона ҳавасманд гардонидани хидмати бахшиҳое, ки дар рушди санъати бостонии достонсароӣ саҳми бемисл гузоштаанд, аз ҷониби давлат унвони «Бахшии халқии Ӯзбекистон» таъсис дода шуд. Ҷашнвора ва озмун-азназаргузарониҳо баргузор мегарданд.
Маросими тантанавии кушоиши Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, дар доираи он гузаронидани озмун-азназаргузарониҳои байналхалқӣ, конфронси илмиву амалӣ ва чорабиниҳои дигар боиси рағбати зиёди иштирокдорони хориҷӣ мегарданд.
Маҳз дар Сурхондарё гузаронида шудани ҷашнвораи бонуфуз бахшида ба тарғибу ташвиқи эҷодиёти шифоҳии мардум маънои рамзӣ дорад. Зеро санъати достонсароӣ маҳз дар ин воҳа бештар ҳифз шудааст.
Дар доираи корҳое, ки дар мамлакати мо бинобар дастгирӣ намудан ва инкишоф додани санъати бахшигӣ гузаронида мешаванд, дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва санъати бахшигии рақами 22-юми шаҳри Тирмиз, як қатор мактабҳои замонавии мусиқӣ ва санъати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Самарқанд, Қашқадарё ва Сурхондарё бинобар самти санъати бахшигӣ синфҳои махсус ташкил карда шуданд.
Дар конфронси матбуотӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Сайфуллоев ба саволҳои журналистони хориҷӣ ва ватанӣ ҷавобҳои муфассал дод.
Холмӯъмин
МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.