КОНФРОНСИ НАВОИШИНОСОН БА АНҶОМ РАСИД

Тавре ки хабар дода будем, дар шаҳри Навоӣ чанде қабл конфронси байналхалқии илмӣ доир ба «Ҷойгоҳи мероси адабии Алишер Навоӣ дар рушди маънавию маърифатии башарият» баргузор шуда буд.

Тавре ки хабар дода будем, дар шаҳри Навоӣ чанде қабл конфронси байналхалқии илмӣ доир ба «Ҷойгоҳи мероси адабии Алишер Навоӣ дар рушди маънавию маърифатии башарият» баргузор шуда буд.
Рӯзи дуюми ба кор шурӯъ кардани конфронс дар қасри фарҳанги «Фарҳод»-и шаҳри Навоӣ барои навоишиносон, академик, профессор ва олимоне, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ даъват шуда буданд, барномаи бадеӣ-мусиқавӣ ташкил дода шуд.
Дар рафти барнома ба мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва ташаккул додани фазилатҳои инсонӣ дар зеҳни насли ҷавон ғолибони зинаи ниҳоии озмуни анъанавии «Навоихонии ҷавонони навоигӣ» сазовор қадр карда шуданд.
— Дар айни ҳол беш аз 200 ғазалу рубоӣ, фард ва қитъаҳои мутафаккири бузургро аз ёд медонам ва мазмуни онҳоро мухтасар шарҳ дода метавонам, — мегӯяд яке аз ғолибони озмун, хонандаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 34-уми ноҳияи Навбаҳор Лобар Давронова. — Аз соли 2017 инҷониб дар озмунҳое, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Алишер Навоӣ иртибот доранд, иштирок менамоям. Соли равон низ дар озмуни «Навоихонии ҷавонони навоигӣ», ки ба муносибати 580-умин солгарди Алишер Навоӣ дар вилоятамон баргузор шуда буд, ширкат ҷуста, дар зинаи ниҳоии озмун ба сифати ғолиб соҳиби сертификати 10 миллион сӯмина гардидам. 
Дар чорабинӣ суруду саҳнаҳои дар асоси ғазалу достонҳои султони мулки сухан офаридашуда, шунавонда ва намоиш дода шуданд.
— Девони «Маҳбуб-ул қулуб»-и Алишер Навоӣ таъриху анъанаҳои давлатдорӣ, усулҳои пешқадами идора ва муносибатҳои халқро ифода менамояд, — мегӯяд ректори донишгоҳи Эски Чиноққалъаи Туркия Абдураҳмон Гӯзал. — Бо ҳамин ҷиҳатҳояш ба файласуфони асримиёнагии Аврупо намунаи ибрат аст. Ё бигирем, девони «Насоим-ул-муҳаббат»-ро. Дар он доир ба шайхони тасаввуф маълумот дода шудааст. Девони мазкур бо ҳамин ҷиҳаташ манбаи нодир доир ба тасаввуф маҳсуб меёбад.
— Ҷойгоҳ ва аҳамияти конфронси ба солгарди Алишер Навоӣ бахшидашуда дар адабиёти ҷаҳон бузург аст, — мегӯяд муҳаққиқи Донишгоҳи Бритониё-Колумбияи Канада Дилсоро Комил-Бурлей. — Дар тӯли пажӯҳишҳоям аз осори Алишер Навоӣ қонунбарорӣ дар кори давлатдорӣ, идораи давлат, ҳамчунин, нақш, ҷойгоҳ ва густариши дини ислом дар Осиёи Марказиро омӯхтаниям. Зеро дар аксарияти мамлакатҳои Ғарб тадқиқотҳо доир ба осори Алишер Навоӣ ба забони англисӣ каманд. Биноан, мехостам барои ба ҳама дастрас шудани осори алломаи бузург саҳм гузорам.
Дар чорабинӣ ба як қатор шоиру нависандагони навоигӣ гувоҳномаи узвияти Иттиҳоди нависандагон супурда шуд.

Абдувалӣ БӮРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: С.АСЛОНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: